Муҳоҷирон

БОЗДОШТИ 4 ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ПЕТЕРБУРГ БАРОИ РЭКЕТ БО УСУЛИ СОЛҲОИ 90 (АКС)

Чор шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо иттиҳоми латтукӯб ва тамаъҷӯӣ аз як сокини маҳаллӣ дастгир шудаанд.

Ба пулис як ронандаи 33-сола муроҷиат карда, хабар додааст, ки рӯзи 18 август, тақрибан соати 16:00, дар назди корпуси аввали бинои № 56, кӯчаи Парашютная, як шиносаш бо номи “Далер” ҳамроҳи шариконаш ӯро латтукӯб карда, сипас бо таҳдиди як чизи монанд ба пистолет вайро ба мошини тамғаи “Ҳюндай Солярис” шинонда, дар дохили мошин ба латтукӯби ӯ идома додаанд ва барои озодиаш 50 ҳазор рубл талаб кардаанд. Дар охир, ба гуфтаи даъвогар, “Далер” ва шариконашӯро дар буриши хиёбони  Луначарский ва хиёбони Култура фароварда, таҳдид кардаанд, ки агар то 22 август 50 ҳазор рубл набиорад, аҳли оилаашро мекушанд.

Бар асоси ташхиси табибони нуқтаи шикастабандии шифохонаи № 121 ноҳияи Приморский, ҷабрдида аз ноҳияи косахона ва мағзи сараш осеб бардошта, мағзи сараш ҷунбидааст ва аз ноҳияи рӯяш ҷароҳати зиёд бардошта, як устухони рухсори чапаш шикастааст. Табибон мегӯянд, баъди расондани кумаки тиббӣ, ҷабрдидаро, ки дар ҳолати муътадил қарор дошт, аз беморхона ҷавоб доданд, чунки зарурати бистарӣ карданаш вуҷуд надошт.

Чор шаҳванди Тоҷикистон, ки бо гумони даст доштани дар ин тамаъҷӯӣ дастгир шудаанд, бино ба гузоришҳо, дар як манзил иҷор менишастанд ва ҳеҷ кадомаш дар шаҳри Санкт Петербург ё вилояти Ленинград сабти ном надоштааст.

Дар расонаҳои маҳаллӣ акси боздоштшудаҳо нашр шуд, вале ба ҷуз аз “Далер” исми дигар гумонбаршавандаҳо нашр нашудааст. Дар бораи сабаби аз ҷабрдида 50 ҳазор рубл талаб кардани ин 4 нафар низ дар хабарҳо чизе гуфта намешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button