Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

БЕШ АЗ 16 ҲАЗОР СОКИНИ ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТААНД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон  шоми 18 август хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар 52 ҳолати сирояти коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, дар айни замон 76 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд ва хушбахтона, ягон ҳолати фавт сабт нашудааст. Тайи ду рӯзи охир дар кишвар дар умум 100 ҳолати нави коронавирус ошкор шуда, дар ин муддат 144 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд ва касе ҷон набохтааст.

Ин омори расмии вазорат баёнгари то ҳадде коҳиш ёфтани мавҷи дуюми паҳншавии бемории коронавирус дар Тоҷикистон аст. Моҳи июл, ки нуқтаи авҷи мавҷи дуюми коронавирус дар ҷумҳурӣ шуд, ҳар рӯз ба ҳисоби миёна то 70 мавриди нави сироят ба ин беморӣ ва дастикам як мавриди фавт аз ин беморӣ (31 фавт дар тӯли моҳи июл) тасдиқ карда мешуд.

Бисёриҳо ба омори расмии вазорати тандурустӣ бо назари шубҳа менигаранд ва бар инанд, ки ин омор вазъи воқеии паҳншавии пандемияро дар кишвар мунъакис намекунад. Вале сокинон ва табибон низ ҳоло эътироф мекунанд, ки нисбат ба моҳи июл миқёси паҳншавии бемории коронавирус дар Тоҷикистон хеле камтар ба назар мерасад.

Аз омори расмии вазорати тандурустӣ бармеояд, ки то шоми 18 август дар Тоҷикистон дар шароити хона ё бемористон дар маҷмӯъ ҳамагӣ 179 нафар аз коронавирус табобат мегирифтанд. Барои муқоиса, моҳи июл ин рақам аз 400 нафар болотар буд.

Дар маҷмӯъ, бар асоси омори расмии вазорати тандурустӣ, аз аввали пандемия то шоми 18 август дар кишвар 16 275 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 15 972 нафар (98,1%) шифо ёфтаанд, вале 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button