ВидеоМуҳоҷирон

46 ИШТИРОКЧИИ ЗАНОЗАНИИ “КУЗМИНКИ” АЗ РУСИЯ ДЕПОРТАТСИЯ ШУДААНД (ВИДЕО)

Полковник Владимир Васенин, раҳбари хадамоти матбуоти пулиси шаҳри Маскав  рӯзи 19 август хабар дод, ки аз Русия алакай 46 тан аз иштирокчиёни занозании гуруҳии шаби 12 июл дар назди исттгоҳи метрои “Кузминки” депортатсия карда шуданд. Рӯзи 14 август 26 нафари аввал аз иштирокчиёни ин занозаниро бо парвози Маскав Бишкек ихроҷ карданд. Рӯзи 19 август, тавре аз видеои нашршудаи хадамоти матбуоти пулиси Маскав бар меояд, низ зодагони Қирғизистонро депортатсия кардаанд.

Бар асоси гузориши пулиси Маскав, дар умум 87 нафар аз иштирокчиёни занозанӣ дар назди исттгоҳи метрои “Кузминки”  ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда, додгоҳҳо ҳамчунин замони будубоши онҳроро дар Русия кӯтоҳ ва аз ҳаққи бозгашт ба Русия маҳрумашон кардаанд. Ба ин далел, дар пайи адои 15 рӯз ҳабси маъмурӣ, ин муҳоҷиронро барои 90 рӯз дар боздоштгоҳи муваққати муҳоҷирон таҳти боздошт гирифтаанд.

Дар ин муддат бояд 79 нафари онҳоро аз Русия ихроҷ кунанд. Қаблан гузориш шуда буд, ки ҳамаи иштирокчиёни занозанӣ дар “Кузминки” барои 40 сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум карда шудаанд.

Полковник Васенин хабар дод, ки ҳамчунин ба зидди 8 нафар дар робита ба занозании “Кузминки” бо иттиҳоми авбошӣ бар асоси моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба онҳо ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Ёдовар мешавем, шаби 12 июл дар “Кузминки” байни зодагони Қирғизистон ва Тоҷикистон занозании гуруҳӣ рӯй дод. Пулис 103 нафарро, ки беш аз 70 нафараш зодагони Қирғизистон буданд, бо гумони иштирок дар ин занозанӣ астгир кард.

Гуфта мешуд, ки пулис тасодуфан аз қабл дар бораи омодагӣ ба занозанӣ дар “Кузминки” хабар ёфта буд. Ташкилкунандагони “разбор” аз ҷониби қирғизҳо иштибоҳан ба чати худ рақами як сокини Маскавро илова кардаанд ва ӯ аз омодагӣ ба занозанӣ дарак ёфта, ба пулис хабар додааст.

Дар чанд ҳафтаи охир дар чанд шаҳру вилояти Русия занозаниҳои гуруҳӣ байни муҳоҷирон ва бо иштироки онҳо рӯй дод, ки нигаронии ҷиддии мақомоти Русияро ба бор овардааст.ВКД Русия ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ бидуни ягон чуну чаро аз қаламрави Русия депортатсия карда, аз ҳаққи вуруд маҳрум хоҳанд кард.

Бино ба иттилои ВКД Русия, феълан дар ин кишвар беш аз 700 ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои СНГ ғайриқонунӣ ба сар мебаранд. Русия моҳи апрели соли ҷорӣ аз кишварҳои СНГ хоста буд, ки муҳоҷирони ғайриқонуниашонро аз Русия берун бикашанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button