ИқтисодМуҳоҷирон

МУСОДИРАИ 114 ТАНГА ВА 147 ҒИЛОФИ КУРСӢ АЗ МУСОФИРОН АЗ ТОҶИКИСТОНУ ОЗАРБОЙҶОН ДАР ВОЛГОГРАД (4 АКС)

Хадамоти матбуоти раёсати гумруки ҳавзаи федералии ҷанубии Русия рӯзи 19 август хабар дод, ки кормандони гумрук дар фурудгоҳи Волгоград ҳангоми тафтиши бағочи мусофирон аз Тоҷикистону Озарбойҷон 114 бастаи тангаҳои армуғонӣ (сувенирные буклеты) ва 147 ғилофи курсӣ (чехлы) ёфт ва мусодира кардаанд.

Татяна Полякова, сухангӯи гумруки Астрахан дар ин робита гуфт: “Миқдор ва хусусияти молҳои эъломиянакардаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба чунин хулоса меорад, ки онҳо барои истифодаи шахсӣ пешбинӣ нашудаанд ва ба ин далел бояд дар гумрук эъломия карда мешуданд.”

Дар робита ба ин мавридҳо бар асоси қисми якуми моддаи 16.2 Кодексия ҳуқуқвайронккуниҳои маъмурии Русия бо иттиҳоми эъломия накардани молҳо парвандаҳои маъмурӣ тартиб додаанд. Ба мусофирони тоҷику озарӣ ҷарима ва мусодира молҳои аз онҳо ёфтшуда таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button