ТоҷикистонҶомеа

СОКИНИ 45-СОЛАИ ХУРОСОН БА ТАҶОВУЗ ВА КУШТОРИ КӮДАКИ 9-СОЛА АЙБДОР МЕШАВАД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 18 август аз ошкор шудани боз як ҷинояти мудҳиш ба зидди кӯдакон хабар дод.

Бино ба иттилои вазорат, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир  шудааст.

“Номбурда, рӯзи 16-уми августи соли 2021, тахминан соати 14:00, дар ҳолати мастӣ духтарбачаи 9-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳилолирро ба манзили истиқоматиаш оварда дидаву дониста, ки номбурда хурдсол буда, дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, бо номбурда ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом дода, бо тариқи маҷбурӣ 2-маротиба ба номусаш таҷовуз намудааст. Сипас, гумонбаршаванда бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содир намудааш ва ошкор нашудани шахсияташ духтарбачаи хурдсолро ба саҳни ҳавлии манзили истиқоматиаш бурда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан аз гарданаш бӯғӣ намуда, ба қатл расонидааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи ВКД.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 104 қисми 2 ва 138 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ба ӯ бар асоси ин бандҳои қонун то 25 соли зиндон ваё ҷазои олӣ – ҳукми ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Дар Тоҷикистон аз соли 2004 рӯи судур ва иҷрои ҳукми қатл мораторий эълон шудааст, вале вақтҳои охир, дар пасманзари зиёд шудани хабари таҷовузи кӯдакони хурдсол, шумори ҳарчӣ бештари сокинони Тоҷикистон талаб доранд, ки ҳукми қатлро нисбат ба чунин ҷинояткороне, ки ба номуси кӯдакони хурдсол мерасанд, барқарор кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button