ВарзишХабарҳои кӯтоҳ

ФУТБОЛБОЗИ “ДУШАНБЕ” АМИР МЕЪМОРИМАНИШ БА ҚИМОРБОЗӢ АЙБДОР ШУД

Кумитаи тартибу интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 17 август бо судури як қарор бозигари дастаи “Душанбе” Амир Меъмориманишро умрбод аз тамоми намуди фаъолияти марбут ба футбол дар қаламрави мамлакат маҳрум кард.

Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфт, легионери 28-солаи эронӣ Амир Меъмориманиш ба қиморбозӣ муттаҳам дониста шуд. Худи ӯ иқрор кардааст, ки дар бозиҳо бо иштироки дастааш дар чемпионати Тоҷикистон шартбандӣ мекардааст.

Ба футболбозон ва масъулони дастаҳои варзишӣ пул гузоштан дар марказҳои букмекерӣ манъ карда шудааст, чунки онҳо ба хотири ба даст овардани фоидаи шахсӣ метавонанд ба натиҷаи ин ё он бозӣ таъсир расонанд.

Барои вайрон кардани моддаи 2 банди 3 Кодекси интизомии ФФТ, дар асоси принсипҳои умумии ҳуқуқ ва адолат, бо қарори Кумитаи тартибу интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон Амир Меъмориманиш дигар ҳеҷ гоҳ наметавонад дар ҳудуди Тоҷикистон ба ягон навъи фаъолияти марбут ба футбол даст бизанад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button