Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ВАЗОРАТ БОЗ ЯК ҲОЛАТИ МАРГ АЗ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ КАРД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ки ҳар шом охирин ахбори марбут ба вазъи паҳншавии коронавируси нави COVID-19-ро нашр мекунад, дар ҳисоботи охиринаш шоми 16 август гуфт, дар як шабонарӯзи охир дар кишвар 54 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шуда, дар айни муддат 72 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд, вале як нафар, мутаассифона фавтидааст. Исми ин қурбонии пандемия дар иттилоияи расмӣ оварда нашудааст.

Аз аввали моҳи август ин сеюмин ҳолати марги шаҳрвандон аз коронавирус аст, ки вазорати тандурустӣ расман тасдиқ мекунад. Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуот аз аввали моҳ дар бораи марги дасти кам 15 нафар, аз ҷумла 6 мансабдори баландпоя аз коронавирус хабарҳо нашр шуда буд.

Бино ба омори расмии вазорати тандурустӣ, аз оғози пандемия то шоми  16 август дар кишвар 16 175 ҳолати сирояти шаҳрвандон ба коронавируси  нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор то санаи зикргардида 15 828 нафар (97,7%) шифо ёфтаанд, вале 124 нафар мутаассифона, фавтидаанд.

Аз омори расмӣ бармеояд, ки то шоми 16 август дар Тоҷикистон дар шароити хона ё бемористон дар умум 223 гирифтори коронавирус таҳти табобат қарор доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button