ИқтисодНомаҳо ба президентНуқтаи назар

МУРОҶИАТИ ЯК СОКИНИ ОДДӢ БА БОЛОҲО: ЯК БОР ФИКРИ ХАЛҚРО ҲАМ КУНЕД!

Ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” як сокини Бохтар занг зад ва гуфт, беист боло рафтани нархи молу маҳсулот  ва дигар мушкилоти рӯзафзуни сахт ба ташвишаш овардааст. Ӯ мегӯяд:

– Шумо аз гапу хабаре, ки дар болоҳо мегузарад, хубтар хабар доред, барои ҳамин мехостам пурсам, ки оё дар ҳамон боло дар фикри халқи бечора ҳастанд? Фикр мекунанд, ки мардум дигар тавони бардоштани ин нархҳои миёншиканро надоранд?

Пеш халқ 100 доллар ё 200 доллар қарз мекард, ё ягон гов ё сар бузё гӯсфандашро мефурӯхту Русия мерафт ва ҳамонҷо ягон кор мекофт, ки зиндагиашро таъмин кунад. Ҳоло ба  Русия ба мардикорӣ рафтан ҳам барои мардуми камбағал як амри маҳол шуд. Аз куҷо меёбад як бечора 700 ё 800 доллар, ки фақат барои чипта бидиҳад? Онҷо, ҳанӯз ба мардикорӣ сар нокарда, бояд боз патент кунад, сабти ном кунад, пули ҳазору як санади дигарро пардохт кунад…  Мардикорӣ рафтан ҳоло аз Дубай ё Туркия барои истироҳат рафтани пулмастҳо қиматтар шуд.

Акнун Русия як тараф истад, аз ин гӯша ба он гӯшаи кишвари худамон рафтан, ҳатто аз як гӯшаи Душанбе ба гӯшаи дигараш рафтан барои мардуми камбағал амри дастнорас шуда истодааст.

Душанбе рафта будам чанд рӯз пеш. Нархи таксиҳои овозадори 3-сомона 7 сомонӣ шудааст! Хеле пештар 5 сомонӣ шуда буд, ҳоло: 7 сомонӣ!

Мепурсӣ: чаро? Мегӯянд: нархи газу бензинро бин!

Дар ҳақиқат ҳоло бензини АИ95- 10 сомонию 30 дирам, гоҳо то 10 сомонию 40дирам. Бензини 92 ҳам қариб 10 сомонӣ, дизел ҳам аз инҳо монданӣ надорад. Ними мардум газ арзонтар аст гуфта, мошинҳои худро ба газ карда буданд. Вале ина нархи газ ҳам то 7 сомонию 50 дирам хест. Газфурӯшҳо боз мардумро тарс медиҳанд, ки то ҷашни истиқлол то 10 сомонӣ мехезад нархи газ.

Ёдам ҳаст, аввали сол як бакляжкаи панҷлитраи бензини 95 сӣ сомонӣ мешуд. Ҳоло 5 литр бензин 52-53 сомонӣ мешавад.

О халқ куҷо равад бо  ин нархҳо?

Хоҳад ҳам ягон ҷо рафта наметавонад, чунки нархи роҳкиро дар осмон хест.

Аз Душанбе то Бохтар, ки ҳамагӣ 76 километр роҳ аст, мошини майда 40 сомонӣ шудааст нархаш, кондитсионер  дошта бошад, 50 сомонӣ талаб мекунад,  нархи маршрутка (“Газел”)  25-30 сомонӣ.  Пеш маршрутка аз Душанбе 10 сомонӣ буд, мошини майда 15-20 сомонӣ, бо кондитсионер, агар хеле баланд меқапид, 30 сомонӣ мегуфт, вале маъмулан ба 25 сомонӣ мебурд.

Аз Бохтар то Кӯлоб 153 километр роҳ аст. Нархи роҳкиро пеш 30-40 сомонӣ буд, ҳозир 70-80 сомонӣ талаб мекунанд. Шунидем, ки аз Кӯлоб то Душанбе ҳам нарх 50 то 60% хестааст.

Аз ин тараф, мактаб наздик мешавад. Духтарам дар Вахш зиндагӣ мекунад. Гуфт, ҳамаро то синфи 4 маҷбур доранд, ки фақат аз корхонаи дӯзандагии “Муҳаммад” либоси мактабӣ бихаред. Мефаҳмам, ки истеҳсолкунандаи ватаниро пуштибонӣ кардан даркор аст, вале ин истеҳсолкунандаи ватанӣ ҳам фикри халқро бояд кунад ё не?

Як формаи мактабӣ барои духтарони синфи як (костюму юбка) 200 сомонӣ меистад. Нархи туфлии арзонтарин аз 60 сомонӣ сар мешавад. Боз куртаи сафед, бриҷ, ҷӯроб, дафтар, ручка, қалам, китоб, албом, қаламҳои ранга… Барои як духтари синфи як камаш 500 сомонӣ даркор аст, ки якуми сентябр дарс равад.

Ҳамин хел шиму костюми арзонтарин барои писарон 400 сомонӣ, туфли аз 80 сомонӣ сар мешавад, як ҷӯроби кӯдакона 10 сомонӣ! Галстуки худоҷонӣ 30 сомонӣ! Як галстук! Барои писарбачаи мактабхон ва он ҳам синфҳои ибтидоӣ 600-700 сомонӣ харҷ мешавад. Ин фақат барои рӯзи 1 сентябр ба мактаб рафтанаш.

Баъд сар мешавад пули ремонт, журнал, китоб, гӯшаи синфӣ,  пули бӯр, пули тӯб…

Шояд пурсед, ки аҳволи саломатии маош чӣ хел? Ман муаллимам, рухсатипулиям бояд таги 2500 сомонӣ мешуд. Кортамро дидам, ки ба ҷои 2500 ҳамагӣ 1760 сомонӣ гузарондаанд. Ҳафтсаду чанд сомониашро намедонам, барои чӣ гардонда бошанд? Барои обуна, рангубори мактаб ё барои таҷлили ҷашни истиқлолият? Намедонам. Ба мактаб нарафтам ҳанӯз, чунки оташи қаҳрам ҳанӯз паст нашудааст. Агар мерафтам, ҳатман бо мудири мактаб гапҳоямон пасту баланд мерафт, ки 700 сомонии ман канӣ? Охир ин пули маоши қариб якмоҳаи ман буд…

Ана ҳамин хел.

Аз шумо як хоҳиш: Аз ҳамон болоҳо як бор пурсед, ки як бор фикри халқи бечораро ҳам кунанд. Мумкин барои онҳо фарқ ё аҳамияти чандоне надошта бошад, ки нархи газ 7 сомонӣ аст ё 5, роҳкиро аз Душанбе то Бохтар ба чанд сомонӣ расидааст. 600-700 сомонӣ барои сарулибоси як кӯдаки мактабхон ҳам шояд барояшон пули як наҳорӣ ё як шом дар тарабхона бошад. Вале барои мо, ки бо ҳамагӣ чандсад сомонӣ  маош рӯз мебарем, ҳар дирам хеле аҳамият дорад.

Як бор фаҳмонед ба онҳо….

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button