МУАЛЛИМИ ДОНИШКАДА АЗ ЯК ДОВТАЛАБ 7250 СОМОНӢ ПОРА ГИРИФТААСТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки тафтиши парвандаи ҷиноятии Зокир Маҳмадализода, устоди Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро анҷом дода, ба додгоҳ супурдааст. Маҳмадализода бар асоси моддаи 247, қисми 2, бандҳои “а,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаллобӣ айбдор мешавад.
Маркази матбуоти агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Маҳмадализода Зокир Давлатали дар вазифаи ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ ва фаъолияти соҳибкории Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А” барои дохил намуданаш ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва гирифтани баҳои имтиҳон дар се ҳолат ҷамъ маблағи 7250 сомонӣ талаб карда гирифта, ба манфиати охирон ягон амалро иҷро накардааст.”
Шаҳрванд “А” баъди онки ҳам аз пул маҳрум шуд ва ҳам имтиҳонҳояшро супурда натавонист, ба Агентии зидди коррупсия муроҷиат кардааст.