ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

МЕҲРУБОН ЯҚУБОВ ДАР ЯРОСЛАВЛ БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ АЙБДОР ШУД (ВИДЕО)

Як ҷавони 27-солаи Тоҷикистон  бо номи Меҳрубон Яқубов дар шаҳри Ярославли Русия ба маблағгузории терроризм айбдор мешавад, –  хабар дод телеграм-канали «Ярославль Главный», ки сабти видеоии баёноти Яқубовро низ нашр кардааст.

Меҳрубон Яқубов дар ин видео мегӯяд, соли 2015 “аз беақлӣ” кадом як ифротгароеро бо лақаби “Абӯ Умар” пуштибонӣ кардааст ва ҳоло аз кори кардааш пушаймон аст. Аммо акнун ба вай барои ин “беақлӣ” ҳукми тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба иттилои мақомоти амниятии Русия, Меҳрубон Яқубов, с.т. 1994,  ба шаҳри Ярославл соли 2011, вақте ҳамагӣ 17 сол дошт, барои таҳсил омада, соли 2015 Донишгоҳи давлатии техникии Ярославлро хатм кардааст.

Таваҷҷуҳи мақомоти амниятиро як матлаби дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашркардаи Меҳрубон аз санаи 30 ноябри соли 2015 ҷалб кардааст.

Меҳрубон Яқубов, ки он вақт дар як манзил дар он сӯи дарёи Волга дар кӯчаи Космонавтҳо иҷора менишаст, дар он матлаб акси кӯдаконро дар даруни ҷангу ҷӯш нашр карда, аз ҳама хостааст, ки ба бунёди хайрияи “Муҳоҷирун” пул гузаронанд. Дар матлаб ҳисоби бонкии ин фонд низ нишон дода шуда буд.  Аммо мақомоти амниятии Русия бар ин назаранд, ки ин бунёд ба ном барои хайрия буда, дар асли аз тарафи ҷангиёни ифротгаро идора мекшуд ва ба ҷангиён дар Сурия кумак мерасонд. Ҳисоби нишондодаи Меҳрубон Яқубов ба  номи Анна Пашутина  буд. Ин зани 35-сола, ки ду сол ба ҳайси муҳосиби бунёди “Муҳоҷирун” кор кардааст, соли 2020 ба ташкили маблағгузории терроризм айбдор карда шуд.

Дар солҳои охир даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар Русия бо ҷурми маблағгузорӣ, таблиғ ё тавҷеҳи терроризм ва шуморе барои иштироки бевосита дар фаъолиятҳои террористӣ боздошт ва маҳкум шуданд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мақомоти амниятии Русия бархе муҳоҷиронро бо парвандаҳои сохта низ ба терроризм айбдор мекунанд, то ки  натиҷаҳои худро дар мубориза бо гуруҳҳои террористӣ аз будаш бузургтар нишон диҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button