Хабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОРИ КҲФ АЗ ЭҲТИМОЛИ ОМАДАНИ СЕЛ ДАР БАЪЗЕ МИНТАҚАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ хабар дод, ки то 20-уми августи соли равон дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии ВМКБ эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.

Дар ин иртибот КҲФ аз аҳолӣ хост, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд. Селроҳаҳо, каналҳо, ҷӯйборҳоро сари вақт аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то оби зиёдатӣ роҳи баромад дошта бошта бошад.

“Хуб мешуд, агар аз рафтан ба моҳидорӣ, шикор, ҷамъоварии ҳезуму гиёҳҳои шифобахш ва чорвочаронӣ худдорӣ кунанд”, таъкид гудааст дар ҳушдори КҲФ.

Аз ронандагон хоста шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва минтақаҳои селхез ҷиддан қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намоянд, бахусус ҳангоми ҳаракат риояи фосила байни мошинҳо шарти муҳими бехатарист.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button