ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ДАҲШАТИ ФУРУДГОҲИ КОБУЛ: АКСУ ВИДЕОҲОЕ, КИ ҶАҲОНРО ТАКОН ДОД (ВИДЕО)

Дар Интернет видеое нашр шудааст, ки чӣ гуна як ҷавони афғон ба аз берун ба яке аз болҳои ҳавопаймое, ки аз Кобул парвоз мекард, часпидааст ва дар ҳамин ҳолат парвоз дорад. Ин видео ҷаҳонро такон дод.

Мисли ин ҷавон чандин нафари дигаре, ки ба дохили ҳавопаймоҳо роҳ ёфта натавонистанд, низ ба чарху шассиву болҳои ҳавопаймоҳо часпида, бо ин роҳ мехостанд тарки Афғонистон кунанд. Бархеи онҳо зуд афтиданд ва танҳо маҷруҳ шуда, ҷон ба саломат бурданд. Вале бино ба хабарҳо,  дастикам 4 нафар аз ҳавопаймоҳои дар ҳоли парвоз аз масофаи хеле баланд ба замин, ба болои хонаҳои истиқоматӣ афтида, ҷон бохтаанд. Дар ин видео ин лаҳза дида мешавад.

Ҷаҳонро ҳамчунин аксе такон дод, ки чӣ гуна 480 нафар дар фурудгоҳи Кобул худро дар дохили ҳавопаймои ҷангии Амрико, ки сокинонро аз ин ҷо берун мебурд, савор шудаанд. Дар акс дида мешавад, ки онҳо дар рӯи фарш болои ҳам нишастаанд.

Бино ба хабарҳо, субҳи 16 август издиҳоми бузурге аз мардум дар пайи ба дасти Толибон суқут кардани Кобул ба фурудгоҳи пойтахти Афғонистон, танҳо гӯшае дар ин шаҳр, ки таҳти назорати нирӯҳои Амрико боқӣ мондааст, рехтанд, то ба ҳар роҳу қимате тарки Афғонистон кунанд.

Ассошиэйтед Пресс аз қавли мақомҳои баландпояи низомии Амрико хабар дод, ки субҳи 16 август дар натиҷаи беназмиҳо дар фурудгоҳи Кобул 7 нафар ба ҳалокат расиданд. Низомиҳои амрикоӣ, ки бидуни бурдани ном суҳбат кардаанд, эътироф карданд, ки чанд нафар аз ҳавопаймоҳои ҳарбии дар ҳоли парвози Амрико  афтида, ҷон бохтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button