Хабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНИ ГОВДУЗД ДАР ФАРХОР

Ба ШВКД дар ноҳияи Фархор бо ариза марди 57-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Фархори ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 14-уми августи соли 2021, тахминан соати 13:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқониаш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Гулшани ҳамин ноҳия 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 6 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 17 август хабар дод, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулшан бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button