ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ВИДЕО: ЯК ҲАВОПАЙМОИ АФҒОНИСТОНРО ДАР ӮЗБЕКИСТОН БО МУШАК ЗАДАНД

Як ҳавопаймои нирӯҳои ҳавоии урдуи Афғонистон шоми 15 август дар ҳудуди ноҳияи Шерободи вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон суқут кард.  Дар натиҷа ду низомии афғон ҷароҳат бардошта, бино ба иттилои  Газета.uz  дар Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Тирмиз бистарӣ карда шудаанд. Як рӯз қабл се низомии захмии афғонро, ки ҳамроҳ беш аз 80 тани дигар тавассути пули Хайратон Тирмиз аз Афғонистон фирор карда буданд, низ дар ҳамин бемористон бистарӣ карда буданд. Вазъи саломатии онҳо миёна гуфта мешавад.

Газета.uz як сабти видеоиро низ аз ҷои ҳодиса нашр кардааст.

Дар ҳамин ҳол, дар вазорати мудофиаи Ӯзбекистон хабари суқути ҳавопаймо дар вилояти  бо Афғонистон ҳаммарзи Сурхондарёро тасдиқ карда, гуфтаанд, ки ин ҳавопаймои ҷангиро шабакаҳои дифои зиддиҳавоӣ (ПВО) барои вайрон кардани марзи дпвлатии Ӯзбекистон бо мушак задаанд.

Ӯзбекистон рӯзи 14 август ба 84 низомии афғон, ки гуфта мешавад, дар байнашон маршал Дӯстум ва Атомуҳаммади Нур, раҳбарони ӯзбекҳо ва тоҷикҳои Афғонистон низ буданд, иҷозат дод, ки  аз пули Хайратон Тирмиз гузаранд, вале ба садҳо нафари дигари ҷамъшуда дар рӯи пул иҷозати гузаштан надод. Тошканд қаблан ҳушдор дода буд, ки ба масоили Афғонистон дахолат карданӣ нест ва ба ҳама гуна кӯшишҳои убури ғайриқонунии марзҳояш шадидан вокуниш хоҳад кард.

Аммо дар Тоҷикистон, бино ба хабарҳо, шаби 15 август ба 143 низомии афғон иҷозат додаанд, ки дар фурудгоҳи шаҳри Бохтар бинишинанд. Радиои Озодӣ дар бораи аз Афғонистон ба Бохтар омадани ду ҳавопаймою се чархбол хабар дод, вале шабакаи телевизионии “Тулӯъ” гуфт, дар 18 ҳавопаймо фирориҳо ба Тоҷикистон омадаанд.

Дар вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вуруди танҳо ду ҳавопайморо бо беш аз 100 низомии афғон тасдиқ карда, гуфтаанд, ки ин ҳавопаймоҳо баъди фаровардани мусофиронашон ба Афғонистон баргаштанд.

 “Мо сигнали SOS гирифтем ва бар асоси уҳдадориҳои байналмилалии кишвар, қарор шуд, ки ба низомиҳои афғон иҷозати нишастан дар фурудгоҳи Бохтар дода шавад”, – гуфтаанд ба Азия-Плюс дар департаменити иттилооти вазорати хориҷаи Тоҷикистон.

Қаблан дар Telegram-канали Tolo News видеое бо чунин ном нашр шуда буд: “Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон бо мусофирони 18 ҳавопаймо, ки аз Кобул рафта буданд, дидор кард.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button