ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ВИДЕО: БОЗДОШТИ ДОНИШҶӮИ ТОҶИК ДАР АЛМА-АТО БАРОИ ТАҚАЛЛУБИ НАТИҶАҲОИ ТАШХИСИ COVID-19

Департаменти пулиси шаҳри Алма-Ато, бузургтарин шаҳри Қазоқистон рӯзи 15 август хабар дод, ки як донишҷӯи 25-сола аз Тоҷиктстон, ки дар яке аз донишгоҳҳои тиббии Қазоқистон таҳсил ва дар як маркази тиббии хусусӣ ба ҳайси бародари шафқат кор мекард, бо иттиҳоми тақаллуби натиҷаҳои ташхиси коронавирус дастгир шуд. Пулис видеои лаҳзаи боздошти ин донишҷӯи тоҷикро низ нашр кардааст.

Қуватбек Наятов (Куатбек Науатов), сардори раёсати пулиси ҷиноии департаменти пулиси Алма-Ато дар шарҳи ин парванда гуфт: “Маълумоти фаврие, ки ба дасти мо расид, дар тӯли чанд рӯз мӯшикофона санҷида шуд. Ин маълумот тасдиқ шуд. Донишҷӯ нархи хидматашро барои тақаллуби натиҷаҳои ташхис  20 ҳазор танга  (тақрибан 47 доллар бар асоси қурби расмӣ) муқаррар карда буд.”

Дар видеои нашршуда донишҷӯи тоҷик ба гуноҳи худ эътироф мекунад, вале мегӯяд, ӯро фиреб доданд. Донишҷӯ мегӯяд, ки бори аввал даст ба чунин кор зада буд. Вале намояндаи пулис гуфт, дар чанд ҳолати тақаллуби натиҷаҳои ташхиси коронавирус даст доштани ӯро дар рафти тафтиш муайян хоҳанд кард.

Ин қазия дар рӯйхатти ягонаи тафтишоти тододгоҳии Қазоқистон бар асоси моддаи 385 Кодекси ҷиноятии ин кишвар (тақаллуб, сохтан ва фурӯхтани асноди тақаллубӣ) сабт шудааст. Ба донишҷӯи тоҷик бар асоси ин банди қонуни Қазоқистон ҳамчун ҷазо ҷарима ваё корҳои ҷамъиятӣ таҳдид мекунад. Вале агар кирдори ӯ ҳамчун бар асоси маслиҳати пешакӣ таъбир шавад, дар ин сурат вайро метавонанд ба муҳлати то 4 сол озодиашро маҳдуд ваё аз озодӣ комилан маҳрум кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button