Ҷомеа

ТИФЛИ МАЪСУМ ЧӢ ГУНОҲ ДОШТ? ХУДКУШИИ ЯК МОДАРИ ҶАВОН БО КӮДАКАШ

Баъзан ҳатто як озурдагиву ранҷиши кӯчак дар оила метавонад боиси фоҷиаи бузург шавад. Як намунаи ин сарнавишти талхи Шаҳригул, як ҷавонзани 27-солаи модари ду фарзанд аз Данғара аст.

Рӯзи якшанбеи гузашта, 8 август ин зани соли тавалудаш 1994 аз деҳаи Калкоти ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара худро ҳамроҳи духтарчаи шашсолааш Омина аз болои пули Норак ба дарё партофт.  Ҷасадҳои модару кӯдаки ғӯррамаргашро танҳо баъди 7 рӯз пайдо карданд ва рӯзи 15 август дар деҳаи Экизаки ҷамоати Лоҳури ноҳияи Данғара, ки Шаҳригул зодаи ҳамин деҳа асту хонаи падариаш онҷост,  ба хок супурданд.

Худкушии ин модари ҷавон бо фарзандаш дар байни мардум сарусадои зиёд ба по кард. Ва як суоли асосӣ, ки дар зеҳни ҳама чарх мезанад, ин аст: Чаро чунин кард?

Бино ба иттилои як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз ноҳияи Данғара, шавҳари Шаҳригул аз хоҳару бародараш барои харидории либоси мактабӣ ба писари хоҳари калониаш, ки бемори рӯҳӣ шудаасту дар бемористони бемориҳои рӯҳӣ бистарӣ будааст, пул ҷамъ мекунад ва рӯзи 8 август 700 сомонӣ пули ҷамъшударо ба дасти Шаҳригул медиҳад, ки ҳам барои кӯдакони худашон ва ҳам барои писари апааш аз бозор либос бихарад.

Шаҳригулро як зани дар умум хубу мушфиқ тавсиф мекунанд ва мегӯянд, хешу табори шавҳараш ба ӯ хеле эътимод дошта, ба ҳамин хотир харидани либос барои апаи маризашонро аз ӯ хоҳиш кардаанд.

Вале он рӯзи наҳс табъи Шаҳригул ба кадом далели то ҳол норӯшане шояд хира будааст, ки ӯ бо як лаҳни тунд аз харидани либос барои фарзанди хоҳаршӯяш саркашӣ мекунад ва мегӯяд, “мегардам барои сағираи бесоҳиби апаи девонаи ту либос харида? Намехарам!”

 Шавҳар, ки чунин саркаширо аз Шаҳригул интизор надошт, ба хашм омада, занашро як шаппотӣ мезанад. Шаҳригул дар ҷавоб тахтаеро ба даст гирифта, шавҳарашро се зарба мезанад. Хулоса, гапи байни зану шавҳар сахт мегурезад ва Шаҳригул аз шавҳараш талаб мекунад, ки пули роҳашро диҳад, хонаи падараш меравад.

Шавҳар аз мағоза харид карда,  ҳамроҳи пул ба дасти Шаҳригул медиҳад ва зан ҳамроҳи духтарчаи шашсолааш аз хона баромада, на ба хонаи падараш ба Калкот, балки ба тарафи Норак меравад ва худро бо кӯдакаш якҷо ба дарё меандозад.

Аз ин ки бо Шаҳригулу фарзандаш фоҷиае рух додааст, танҳо бегоҳи 8 август вақте хабар ёфтанд, ки шавҳари ӯ ба Калкот занг зада, аз хушдоманаш мепурсад, ки Шаҳригул бо Омина омад? Вале хушдоманаш мегӯяд, ки не, наомадааст.

Азбаски Шаҳригул бо дили озурда аз хона баромада буд, шавҳараш дар ташвиш афтода, бо дигар хешу табор ба ҷустуҷӯи ӯву Омина медароянд ва онҳоро танҳо баъди 7 рӯз аз об берун оварданд.

Он рӯз Шаҳригул писарашро бо худ нагирифт. Ин кӯдак ҳоло ба анбӯҳи мардуме, ки ба хонаашон фотиҳахонӣ меоянд, бо ҳайрат нигоҳ мекунад ва чашмашро аз дар намеканад, ки оё кай модарашу хоҳараш бармегарданд?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button