Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ШУМОРАИ РАСМИИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ 16 ҲАЗОР ГУЗАШТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 14 август хабар дод, ки давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 64 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19  сабт шуда, дар айни замон 78 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд ва ягон ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар маҷмӯъ, аз аввали пандемия то шоми 14 август дар кишвар 16061 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор то санаи зикргардида 15 671 нафар (97,6%) шифо ёфтаанд ва 123 нафар, мутаассифона, фавтидаанд.

Тибқи ин омори расмӣ, то шоми 14 август дар Тоҷикистон: дар шароити хона ё бемористон 267 нафари гирифтори коронавирус таҳти табобат қарор доштанд.

Вале мунтақидон ба омори расмии вазорати тандурустӣ бо назари шубҳа нигоҳ мекунанд ва мегӯянд, шумори воқеии гирифторон ва қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон хеле бештар аз ин омори расмист. Барои мисол ин вазорат аз аввали моҳи август танҳо ду мавриди ҳалокати шаҳрвандон аз коронавирусро расман тасдиқ кардааст, вале дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз аввали моҳ дар бораи даргузашти дастикам 15 нафар, аз ҷумла 6 мансабдори баландпоя хабар доданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button