МАЗОРИ ШАРИФ БЕ ҶАНГ БА ТОЛИБОН ТАСЛИМ ШУД. АТО ВА ДӮСТУМ БА ӮЗБЕКИСТОН ПАНОҲ БУРДАНД (ВИДЕО)

Ҷангиёни Толибон шоми 14 август шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх ва бузургтарин шаҳри шимоли Афғонистонро, ки онро “пойтахти шимолии Афғонистон” ва “ҷазираи амну субот” дар ин кишвари ҷангзада ҳам ном мебурданд, тасарруф карданд. Гуфта мешавад, Мазори Шариф тақрибан бидуни ҷангу муқовимат ба дасти Толибон гузашт.
Субҳи 15 август шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор низ ба дасти Толибон афтод. Аброруллоҳ Мурод, вакили парлумони Афғонистон аз Нангарҳор гуфт, Ҷалолобод бидуни ҷанг дар натиҷаи миёнаравии сарони қабоил ба Толибон таслим карда шуд.
Ба ин тартиб, Толибон тақрибан ҳамаи шаҳрҳои бузурги Афғонистон, ба истиснои Кобул ва дараи овозадори Панҷшерро ба даст овард.
Бино ба бархе маълумотҳо, Атомуҳаммади Нур, волии собиқи Балх, ки тоза як рӯз пеш фармондеҳии ҷабҳаи муқовимати зидди Толибонро дар Мазори Шариф ба дӯш гирифта буд, маршал Дӯстум ва як иддаи дигар аз раҳбарони Балх ба Ӯзбекистон паноҳ бурдаанд.
Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон аз убури 84 нафар, аз ҷумла 3 захмӣ аз марзи ин кишвар хабар дод, вале дар бораи дар байни онҳо будан ё набудани Устод Ато ва Дӯстум чизе нагуфтааст.
Дар видеоҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ корвони мошинҳои гаронбаҳои аксаран “ҷип” дида мешаванд, ки талош доранд аз марзи Афғонистон бо Ӯзбекистон тавассути пули Хайратон – Тирмиз убур кунанд.
Атомуҳаммади Нур бо дар як паём дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки тамоми имконоти ҳукуматӣ ва нирӯҳои давлатӣ дар натиҷаи як “тавтеаи бузурги ноҷавонмардона” ба Толибон таслим дода шуд. Ӯ афзуд, ки мехостанд ӯву маршал Дӯстумро ҳам ба дом биандозанд, вале муваффақ нашуданд ва ҳоло онҳо дар “маҳалли масъун” ҳастанд:
“Ҳамватанони азиз ва дардмандам!
Бо таассуф дар як тавтеаи бузург, созмонёфта ва ноҷавонмардона тамоми имконоти ҳукуматӣ ва нерӯҳои давлатӣ ба Толибон таслим дода шуд.
Доманаи ин тавтеа ба ҳадде бузург ва амиқ буд, ки мехостанд маршал Абдуррашиди Дӯстум ва маро ҳам ба дом бияндозанд, ки муваффақ нашуданд маршал-соҳиб Дӯстум, ман, волии муҳтарами Балх, вукалои муҳтарами Балх, раиси шӯрои вилоятӣ ва соири масъулин дар маҳалли масъун ҳастем.
Ҳарфҳои зиёде барои баён аст, ки дар фурсати муносиб бо шумо шарик мекунам.
Аз ҳамаи ъазизоне, ки дар муқовимати Балх саҳм ва ҳузур доштанд ва ононе ки ин муқоваматро бедареғ ҳимоят карданд ва аз мардуми Балх, самимона сипосгузорам. Мардуми Балхро ба Худои Бузург месупорам. Роҳи мо дар инҷо поён намеёбад.”