Хабарҳои кӯтоҳ

МАРКАЗАШ – ЧӮБЕК: ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОНРО ЯК ЗАМИНЛАРЗАИ 5-БАЛЛӢ ЛАРЗОНД

Рӯзи 15 август, соати 15:41 ба вақти маҳаллӣ ҷануби Тоҷикистонро як заминларзаи шадид ларзонд. Шиддати офати табиӣ дар марказаш, дар 40-километрии Чӯбек (ноҳияи Ҳамадонӣ), дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон тибқи ҷадвали Рихтер 5,1 баллро ташкил додааст. Марказҳои зилзиланигорӣ ҳисобот доданд, ки замин дар умқи 10 км ларзидааст.

Дар бораи кадом хисороти молӣ ё ҷонӣ бар асари ин офати табиӣ ҳанӯз гузориш нашудааст. Вале сокинон ҷунбидани заминро дар дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар Кӯлоб ва Бохтар низ ҳис кардаанд.

Рӯзи 10 июл бар асари як заминларзаи қариб 6-баллб дар ҷамоати Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод 5 нафар, аз ҷумла 4 кӯдак ба ҳалокат расида, беш аз 200 хона дар Тоҷикободу Рашт пурра ё қисман вайрон шуд.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои аз лиҳози заминҷунбиҳо хатарноки қораи Осиё ҷойгир шудааст. Танҳо дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 4 заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл боло сабт шуда, дар 30 рӯзи охир дар ин ҷумҳурӣ 20 заминларза ва дар як соли охир 209 заминларза рӯй додааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button