Муҳоҷирон

ҲАР РӮЗ 241 ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ШАҲРВАНДИИ РУСИЯРО ҚАБУЛ МЕКУНАД

Бино ба омори расмии ВКД Русия, дар нимаи аввали соли 2021, маҷмӯан 44 ҳазору 196 шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шудааст. Ин 12,8 ҳазор ё қариб 30% бештар аз 31 ҳазору 351 нафарест, ки дар нимаи аввали соли 2020 шиносномаи хокистарранги тоҷикиро ба шиносномаи сурхи бо уқоби дусараи Русия иваз карда буд. Дар умум, соли гузашта 63 ҳазору 389 зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро қабул карда буд.

Бар асоси омори имсола, дар нимаи аввали сол ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 241 зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро пазируфтааст. Соли гузашта  ҳар рӯз  ба ҳисоби миёна 173 тоҷик шаҳрванди Русия мешуд.

Дар моҳҳои январ – июни соли 2021  дар Русия 1 миллиону 73 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон худро дар идораҳои муҳоҷират сабти ном кардаанд. Аз ин шумор 828 ҳазораш мақсади омаданашон ба Русияро кор нишон додаанд, яъне муҳоҷирони корӣ мебошанд.

Дар умум дар нимаи аввали соли 2021 Русия ба 351 ҳазор хориҷӣ шаҳрвандӣ додааст. Аз ин шумор беш аз нисфаш – 184 ҳазор нафарро зодагони Украина ташкил медиҳанд, ки шаҳрвандии Русия гирифтани онҳо хеле осон, ё ба қавле, ду карат ду шудааст.

Аз лиҳози шумораи довталабони шаҳрвандии Русия баъд аз УКраина Тоҷикистон дар байни кишварҳои дунё ва СНГ дар ҷои дуюм қарор дошта, дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷои якум аст. Баъди зодагони Тоҷикистон дар ин се рейтинг зодагони Қазоқистон меоянд, ки дар нимаи аввали сол 23,3 ҳазор нафараш соҳиби шаҳрвандии Русия шудааст.

Барои муқоиса, аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар нимаи аввали сол 15,2 ҳазор зодагони Ӯзбекистон,наздики 8,4 ҳазор аз Қирғизистон ва ҳудуди 2,5 ҳазор аз Туркманистон шаҳрвандии ин кишварҳоро ба шаҳрвандии Русия иваз кардаанд.

Соли 2018 ҳамин тавр, 35 700 зодаи Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шуда, 31 ҳазор тоҷикистонии дигар барои истиқомати доим дар Русия мондаанд. ВКД Русия чанде пеш хабар дод, ки дар 8 соли охир ҳудуди 200 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шудаанд.

Бино ба ҳисобҳо, аз соли 2000 ба ин тараф тақрибан ним миллион нафар аз зодагони Тоҷикистон сукунати доимӣ дар Русияро ихтиёр карда ва аксари онҳо бо ҷамъи хонаводаҳояшон шаҳрвандии он кишварро ба даст овардаанд.

Бар илова, дар солҳои охир шумори онҳое низ дар ҳоли афзоиш аст, ки ба ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар худро ба кишварҳои аз Русия низ дуртари Аврупову Амрико мезананд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳиҷрати мардумро ба раванди ҷаҳонишавӣ рабт медиҳанд ва мегӯянд, дар шароити дунёи муосир қариб ягон кишвар аз ин раванд берун намондааст.

Аммо ҷомиашиносон мегӯянд, барои мардуми тоҷик муҳаббат ба зодгоҳ дар фарҳанги чандҳазорсолааш нақши бориз дорад ва афзоиши раванди ҳиҷрати аҳолӣ ба хориҷ аз сарчашмаҳои ҷиддитар ва пеш аз ҳама аз эҳсоси ноумедии онҳо ба ояндаи беҳтар дар Ватан маншаъ мегирад.

Бо онки сели сокинони Тоҷикистон бо умеди ба даст овардани “роҳхат ба як зиндагии беҳтар” дар пеши дари сафоратҳову идораҳои муҳоҷирати кишварҳои хориҷӣ навбат мепоянд, ҷомиашиносон аз як паёмади ногувори ин тамоюл – фирори мағзҳо ва коҳиши қишри босавод ва кордони аҳолӣ дар Тоҷикистон – бонги изтироб мезананд.

Онҳо мегӯянд, кишварҳои хориҷӣ, бахусус Русия, мутахассисони беҳтарин ва ботаҷрибаро аз байни омӯзгорону табибон, муҳандисон, устоҳо ва намояндагони касбҳои дигар гулчин мекунад ва ин боис мешавад, ки ҷои онҳоро дар Тоҷикистон бо нафарони бетаҷрибае, ки тоза аз донишгоҳ берун шудаанд, пур кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button