ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ФИРОРИ 84 АФҒОН БА ӮЗБЕКИСТОН ОЁ УСТОД АТО ВА ДӮСТУМ ҲАМ ДАР БАЙНИ ОНҲОЯНД? (ВИДЕО)

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи 15 август дар мавриди вазъ дар марзи ин кишвар бо Афғонистон ду изҳорот нашр кард.

Дар изҳороти якум гуфта мешавад, ки 14 август дар яке аз қитъаҳои марз 84 низомии афғон хатти марзро гузашта, аз сӯи марзбонони ӯзбек дастгир карда шуданд.

 “Сарҳадшиканҳо дар ин ҳолат муқовимат нишон надоданд ва барои кумак муроҷиат карданд, аз ҷумла барои кумаки тиббӣ барои се захмӣ. Бо ин шаҳрвандони Афғонистон корҳои лозими филтратсионӣ ва санитарию эпидемиологӣ анҷом дода шуда, ба бархеи онҳо кумаки тиббӣ расонда шуд ва ба онҳо ғизо дода, барояшон сарпаноҳи муваққат ташкил карданд. ВКХ Ӯзбекистон бо ҷониби Афғонистон ҷиҳати ба Ватан баргардондани шаҳрвандонаш музокирот пеш мебарад”, – гуфта мешавад дар изҳорот.

ВКХ Ӯзбекистон ҳамчунин хабар дод, ки рӯзи 14 август ҳамаи шаҳрвандони ӯзбекеро, ки дар роҳи оҳани Тирмиз-МазориШариф кор мекарданд, ба Ватан баргардондаанд.

ВКХ Ӯзбекистон  ҳамчунин хабар дод, ки дар рӯи пули Тирмиз-Хайратон дар қисмати Афғонистон шумори зиёди шаҳрвандони афғон ҷамъ шуда буд, вале то соати даҳи субҳи 15 август аксари онҳо инҷоро тарк кардаанд.

Инҳо мардумоне буданд, ки дар пайи тасарруфи Мазори Шариф аз сӯи Толибон мехостанд ба Ӯзбекистон паноҳ баранд, вале ба онҳо ҷониби Ӯзбекистон иҷозати гузаштан надод.

Вале дар изҳороти ВКХ Ӯзбекистон  дар бораи дар байни паноҳҷӯёни афғон будан ё набудани Муҳаммадато Нур ва маршал Абдурашид Дӯстум, ду раҳбари аввали тоҷикҳо ва ӯзбекҳои Афғонистон  чизе гуфта нашудааст.

Шоми 14 август, дар пайи ба дасти Толибон афтодани Мазори Шариф, маркази вилояти Балх ва бузургтарин шаҳри шимоли Афғонистон, хабарҳое нашр шуд, ки Атомуҳаммади Нур ва маршал ба Ӯзбекистон паноҳ бурдаанд.

Дар видеоҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ корвони мошинҳои гаронбаҳои аксаран “ҷип” дида мешаванд, ки талош доранд аз марзи Афғонистон бо  Ӯзбекистон тавассути пули Хайратон – Тирмиз убур кунанд.

Атомуҳаммади Нур бо дар як паём дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки Мазори Шариф дар натиҷаи як “тавтеаи бузурги ноҷавонмардона” ба Толибон таслим дода шуд. Устод Ато афзуд, ки мехостанд ӯву маршал Дӯстумро ҳам ба дом биандозанд, вале муваффақ нашуданд ва ҳоло онҳо дар “маҳалли масъун” ҳастанд. Аммо ӯ ошкор накард, ки онҳо дар куҷо қарор доранд?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button