ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ 131 МУҲОҶИР ДАР РЕЙДИ ПУЛИС ДАР БАЗАИ СОФИЙСКАЯ ДАР ПЕТЕРБУРГ (ВИДЕО)

Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград хабар дод, ки дар ҳафтаи равон дар базаи меваву сабзавоти Софийская як рейди густарда доир кардааст. Ин алакай дуюмин чунин рейди густардаи пулис дар ин маҳалли кори садҳо муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз мебошад.

 “Дар амалиёт  беш аз 200 корманди пулис иштирок дошт. Дар ҷараёни рейд 131 шаҳрванди хориҷӣ ба шуъбаҳои пулис оварда шуд”, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти пулис.

Гуфта мешавад, аз ин 131 нафар ҳуҷҷатҳои танҳо 7 нафар дуруст баромадаанд ва нисбати 124 нафари боқимонда барои вайрон кардани тартиби ворид шудан ба Русия ваё қоидаҳои будубош дар ин кишвар протоколҳои маъмурӣ тартиб додаанд.

Дар иттилоия гуфта мешавад, ки дар базаи Софийская ҳамчунин як мошинеро, ки таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт, пайдо кардаанд.

Пулис гуфт, чунин рейдҳоро дар маҳаллаи кору зиндагии муҳоҷирони хориҷӣ дар Санкт-Петербург ҳамчунон идома хоҳад дод.

Дар базаи Софийская даҳҳо нафар аз зодагони Тоҷикистон низ кор мекунанд. Қисме аз онҳо дар ин ҷо ба тиҷорати меваву сабзавот ва хушкмева машғуланд, қисме ҳаммолӣ мекунанд ва қисме такси мезананд ё дар ошхонаҳо ва дигар соҳаҳои хидматрасонӣ кор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button