Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ШУМОРАИ ГИРИФТОРШУДАҲОИ КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН БА 16 ҲАЗОР НАЗДИК ШУД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 13 август хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 67 ҳолати нави сирояти шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, дар айни замон 84 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд ва хушбахтона, касе нафавтидааст. Тибқи омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон: дар хона ё дар бемористон дар маҷмӯъ 283 нафар аз коронавирус таҳти табобат қарор доранд.

Бар асоси омори расмии вазорат, дар маҷмӯъ, аз аввали пандемия то шоми 13 август дар кишвар 15 997 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор то санаи зикргардида 15 593 нафар (97,5%) шифо ёфтаанд, вале 123 нафар, мутаассифона,  фавтидаанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар баробари риояи қатъии чораҳои беҳдоштӣ, бахусус пӯшидани ниқоб, доим шустани дасту рӯ ва истифодаи маводи антисептикӣ, ҳамчунин ваксина гирифтани аҳолиро як роҳи муассири мубориза бо пандемия мешуморанд. Дар Тоҷикистон  гирифтани ваксинаи зидди коронавирус  барои тамоми сокинони синнашон аз 18 боло ҳатмӣ эълон шудааст ва бояд дар умум 5,8 миллион нафар ваксина зада шаванд.

То имрӯз ба кишвар ба таври ройгон ҳамчун кумак беш аз 4 миллион воя ваксинаҳои “Модерна”, “Коронавак” ва “АстраЗенека” оварда шуда, ахиран Русия низ 50 ҳазор воя ваксинаи “Спутник”ро ҳамчун кумаки ройгон ба Тоҷикистон дод.

Вазорати тандурустӣ гуфт, то шоми 11 август дар ҷумҳурӣ 1 миллиону 541 ҳазору 475 нафар ҳадди ақал як вояи ваксинаи зидди коронавирусро гирифтаанд. Аз ин шумор беш аз 130 ҳазор нафар алакай ҳарду вояи ваксинаро гирифтаанд.

Ваксина дар Тоҷикистон бепул аст, вале сокинон мегӯянд, дар бархе ҷойҳо ҳамшираҳои тиббӣ ва табибони маҳаллӣ аз онҳо 5 ё 10 сомонӣ “ҳаққи даст” талаб мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button