ВарзишВидео

ЛОИҚ РАҶАБОВ ИН ДАФЪА БАРОИ ЯК МИЛЛИОН ДОЛЛАР БА МАЙДОН МЕБАРОЯД (ВИДЕО)

Варзишгари 30-солаи ҷангҳои бидуни қоида (ММА) аз Тоҷикистон Лоиқ Раҷабов, ки бо лақаби Jaguar Paw (Чанголи Ягуар) маъруф аст, шаби 13 август дар даври ниманиҳии мавсими нави лигаи размандаҳои касбии Professional fight league (PFL)  дар вазни сабук дар Амрико бар рақибаш аз Парагвай Алекс Мартинес ғолиб омад. Ҳамаи се довари боз пирӯзиро ба варзишгари тоҷик доданд (30-27, 30-27, 29-28).  

Моҳи июн дар нахустин рақобаташ дар мавсими имсола Лоиқ Раҷабов бар рақибаш аз Доғистони Русия Ахмед Алиев пирӯз шуда буд. Он дафъа ба варзишгари тоҷик ҳамагӣ 27 сония лозим шуд, то рақибашро ба нокаут фиристода, пирӯзии бечунучаро ба даст биорад.

Дар пайи ин ду пирӯзии бечунучаро Лоиқ Раҷабов дубора ба марҳалаи ниҳоии Гран При роҳ ёфт ва акнун барои ҷоизаи асосӣ: 1 миллион доллар ба майдон хоҳад баромад.

Ёдовар мешавем, соли 2019  варзишгари тоҷик ба даври ниҳоии мусобиқоти Гран-прии Professional fight league (PFL) – 2019 дар вазни сабук роҳ ёфт, вале дар финал, ки шаби 1 январи соли 2020 дар толори машҳури “Медисон Сквер Гарден” дар шаҳри Ню-Йорки Амрико доир шуд, аз рақибаш аз Бразилия Натан Шулте шикаст хӯрд ва аз як миллион доллар ҷоиза маҳрум гардид.

Ҳоло Лоиқ шанс дорад, ки ин як миллион долларро билохира ба даст биорад!

Лоиқ Раҷабов 17 сентябри соли 1990  дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, мактаби №77-ро дар шаҳри Душанбе ва сипас Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис ё инженери роҳҳои оҳан хатм кардааст

Соли 2015 Лоиқ Раҷабов ба Олмон рафта, таҳти роҳбарии мураббии зодаи Тоҷикистон Олег Шодиев ҷиддан ба машқу тамрини муҳорибаҳои омехта пардохт. Ӯ дар Олмон 4 камарбанд ба даст оварда, соли 2019 бори аввал дар мусобиқоти лигаи PFL  иштирок кард ва то финали ин мусобиқот роҳ ёфт. Лоиқ Раҷабов оиладор аст ва се фарзанд дорад.

Дар умум Лоиқ Раҷабов дар мусобиқаҳои касбии ММА 12 бор аз майдон пирӯз берун шуда, танҳо се маротиба шикаст хӯрдааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button