ТоҷикистонҲодиса

ВКД ИСМИ ҚУРБОНИЁНИ САДАМАИ МУДҲИШ ДАР ДАРВОЗРО НАШР КАРД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  хабар дод, ки садамаи пурқурбонӣ дар деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз, ки 5 кушта ба ҷо гузошт, соати сеи шаби 12 август рух дода, мошини “Лексус-470”,  таҳти идораи Зераков Шодибек, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Ишкошим дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ”  ба сабаби аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадани ронанда ба дарёи Панҷ чаппа шудааст.

Дар натиҷа, ронанда ва 4 мусофираш ва ҳамин тавр, ҷасади як пиразани 84сола, ки дар ин мошин барои гӯручӯб ба Ишкошим мебурданд, дар дарё ғарқ шудаанд:

  1. Зераков Шодибек Лалбекович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Ишкошим
  2. Муродмаҳмадова Соҳибнисо Назаровна, соли таваллудаш 1968,
  3. Ҳайдарбеков Вафо Толибекович, соли таваллудаш 1992,
  4. Ҳайдарбеков Толибек Холиқназарович, соли таваллудаш 1968, сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе,
  5.  Мазабшоев Руслан Шакаршоевич, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Ишкошим.
  6.  ҷасади марҳум Абдураҳмонова Басик Аёмбековна, соли таваллудаш 1939, сокини ноҳияи Ишкошим, ки дар шаҳри Душанбе бо сабаби беморӣ вафот кардааст ва барои дафн намудан ба ноҳияи Ишкошим мебурдаанд.

ВКД гуфт, аз соҳили дарё, дар деҳаи Рӯзвайи ноҳияи Дарвоз ҷасади Ҳайдарбеков В.Т. ва Муродмамадова С.Н., инчунин дар сандуқи чӯбин (гроб) ҷасади марҳум Абдураҳмонова Б.А. дарёфт карда шуд. Корҳои ҷустуҷӯӣ барои ёфтани ҷасадҳои ронанда Зераков Ш.Л. ва мусофирони дигараш идома дорад.

КҲФ қаблан гуфт, ҳамаи қурбониёни садамаи Дарвоз аз як хонадон буданд.

Манбаи “Азия-Плюс” аз деҳаи  Багуши ноҳияи Ишкошим низ гуфтааст, ки ҳамаи қурбониён хешу табор буданд. Ба гуфтаи ӯ, зодагони Багуш Нисобегим Муродмамадова  бо шавҳараҳ Толибек Ҳайдарбеков ва писараш Ваво ва ҷиянаш Руслан Мазабшоев тобути модари Нисобегим – Басбегим Аёмбековаро аз Душанбе ба Ишкошим мебурданд. Ронандаи “Лексус Шодибек Зераков низ хеши наздики Нисобегим будааст.

Рух додани садамаи мудҳиш дар ноҳияи Дарвоз

Рӯзи 12-уми августи соли 2021, тахминан соати 03:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус-470”, Зераков Шодибек Лалбекович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Ишкошим, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Ишкошим дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ”, воқеъ дар деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Панҷ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда ва мусофирони автомашинаи мазкур Муродмаҳмадова Соҳибнисо Назаровна, соли таваллудаш 1968, Ҳайдарбеков Вафо Толибекович, соли таваллудаш 1992, Ҳайдарбеков Толибек Холиқназарович, соли таваллудаш 1968, сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Мазабшоев Руслан Шакаршоевич, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Ишкошим ва ҷасади марҳум Абдураҳмонова Басик Аёмбековна, соли таваллудаш 1939, сокини ноҳияи Ишкошим, ки дар шаҳри Душанбе бо сабаби беморӣ вафот кардааст ва барои дафн намудан ба ноҳияи Ишкошим мебурдаанд, дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд.
Дар вақти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса аз соҳили дарё, воқеъ дар деҳаи Рӯзвайи ноҳияи мазкур ҷасади Ҳайдарбеков В.Т. ва Муродмамадова С.Н., инчунин дар сандуқи чӯбин (гроб) ҷасади марҳум Абдураҳмонова Б.А. дарёфт карда шуд. Барои дарёфт намудани ронанда Зераков Ш.Л. ва дигар мусофирон корҳои ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button