ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ВИДЕО: ТАРКИШИ АВТОБУС ДАР ВОРОНЕЖ

Шаби 12 август, соати 21:11 дар маркази шаҳри Воронежи Русия дар автобуси №10А таркиши сахт рух дод. Бино ба маълумоти аввалия, дар натиҷаи таркиш 18 нафар осеб диданд. Департаменти тандурустии вилояти Воронеж хабар дод, ки як зан, ки таркиш пойҳояшро канда буд, вафот карда, вазъи дастикам се каси дигар вазнин арзёбӣ мешавад. Ҳангоми варзиш дар дохили автобус 35 кас савод будаанд. Дар байни осебдидагон кӯдакон нестанд.

Дар видеое, ки тавассути видеорегистратори автобуси баъдӣ сабт шудааст, дида мешавад, ки таркиш лаҳзае пас аз вориди автобуси №10А шудани мусофироне, ки дар истгоҳ мунтазири омадани он буданд, рӯй дод.

Дар робита ба ин таркиш додситонӣ санҷишро шурӯъ карда ва Кумитаи тафтишот бо иттиҳоми хидматрасониҳое, ки ҷавобгӯи талаботи бехатарӣ нестанд, парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

Чанд фарзияи таркиш дар дасти баррасӣ қарор дорад. Ноиби волии вилояти Воронеж Виталий Шабалатов гуфт, як фарзия таркиши баллони газ мебошад.

Дар ҷои ҳодиса намояндагони мақомоти амниятӣ низ ҳузур доранд ва ин ба маъноест, ки эҳтимоли таркиши террористӣ будани ин ҳодиса низ сарфи назар карда намешавад. Маркази иттилоотии Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия, ки ситоди фавриаш фаъолияти ҳамаи ниҳодҳоро дар ҷои ҳодиса ҳамоҳанг мекунад, гуфт, фарзияҳои гуногунро санҷида истодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button