Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

ТАФСИЛОТИ ҲАЛОКАТИ 5 УЗВИ ЯК ХОНАДОН ДАР ДАРВОЗ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бархе тафсилоти садамаи пурқурбонии рӯзи 12 август дар роҳ ба сӯи Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро нашр кард.

Бино ба гузориши КҲФ, 12 – уми августи соли 2021 дар километри 390–уми роҳи мошингарди Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, дар қаламрави деҳаи Вишхарви ҷамоати деҳоти Дарвози ноҳияи Дарвоз садамаи пурқурбонӣ рӯй дод.

Мошини тамғаи «Lexus 470», ки аз ҷониби як сокини деҳаи Бағуши ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошими ВМКБ идора мешуд, бо сабабҳои номаълум  ба дарёи Панҷ чаппа шуд. Ҳангоми ҳодиса дар ин мошин 4 мусофир ва ронанда, ки ҳамагӣ узви як хонавода буданд, сафар доштанд.

Онҳо ҷанозаи як зани 74-соларо барои анҷоми гӯру чӯб аз Душанбе ба ноҳияи Ишкошим интиқол медоданд. Дар ҳодиса ҳамаи ин панҷ нафар ба ҳалокат расиданд. 

Баъди дарёфти хабари фоҷеа дастаи имдодгарони шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Дарвоз ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Онҳо ҳамроҳ бо аҳолии маҳаллӣ ҷасади ду нафар аз мусофиронро пайдо карда ва аз об берун оварданд. Ҷустуҷӯи ҷасадҳои ҳалокшудагони дигари ин рӯйдоди мудҳиш идома дорад.

Мақомоти салоҳиятдор сабабҳои ин садамаро муайян мекунанд. 

Шоми 12 август Мӯсо Мирзозода, раиси ноҳияи Ишкошим гуфта буд, тобути занеро, ки барои гӯручӯб ба Ишкошим мебурданд, низ пайдо карда, аз об берун кашидаанд. Садама, ба гуфтаи ӯ, субҳи 12 август рӯй додааст.

Дар ҳамин итибот КҲФ аз ронандагон басо бо эҳтиром хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ба боло бурдани суръати ҳаракат роҳ надиҳанд, қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар наяндозанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button