Коррупсия

РАИСИ “ТОҶИКСУҒУРТА” ШАВҲАРАШРО БА КОР ГИРИФТА, ҚАРИБ 3 СОЛ БА Ӯ МАОШ ДОДААСТ

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 12 август хабар дод, ки додгоҳи ноҳияи Рӯшон директори КВД “Тоҷиксуғурта” дар ин ноҳия Иззатбегим Вазирова ва сармуҳосиби ин идора Сарадбек Сарадбековро бар асоси моддаҳои 245, қисми 2 ва 323 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба азонихудкунии маблағҳо ва сохтакории хидматӣ гунаҳкор шинохта, ҷазо додааст. Чӣ ҷазо гирифтани Вазирова ва Сарадбеков гуфта нашудааст, вале дар Кодекс барои азонихудкунӣ онҳоро метавонистанд ё ҷарима банданд ваё аз 2 то 6 сол аз озодӣ маҳрум кунанд. Барои сохтакории хидматӣ низ ҳамчун ҷазо ҷарима ё то 2 сол ҳукми зиндон пешбинӣ шудааст.

Бино ба иттилои Додситонии кул, “муайян гардидааст, ки Вазирова И.П. бо мақсади минбаъд дар муҳлати тӯлонӣ ва пай дар пай ба даст овардани даромади муфт, дидаю дониста, бо истифода аз вазифаҳои хизматии худ ҳамчун директори КВД “Тоҷиксуғурта”-и ноҳияи Рӯшон бо роҳи сохтакорӣ 04 январи соли 2018 фармони ба вазифаи нозир дар корхонаи мазкур ба кор кабул кардани шавҳараш Мирзоҷонов Изатулло Абдуллоевичро ғайриқонунӣ ба расмият даровардааст, вале охирон зиёда аз 2 сол дар ин вазифа фаъолият накардааст.”

   Ғайр аз ин, меафзояд додситонӣ, “Вазирова И.П. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, тибқи маслиҳати пешакӣ бо сармуҳосиби КВД “Тоҷиксуғурта” дар ноҳияи Рӯшон Сарадбеков С.Н. бо истифодаи ваколати мансабии худ аз моҳи феврали соли 2018 то моҳи ноябри соли 2020 ҳармоҳа ҳамчун маош ва дигар кумакпуливу хароҷотҳо бе иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз ҷониби шавҳараш Мирзоҷонов И.А. ғайриқонунӣ ба суратҳисоби охирон дар маҷмӯъ 15 882,36 сомонӣ гузаронида, онро азони худ кардааст.”

    Додситонӣ афзуд, ки дар рафти тафтиш зарари ба давлат пурра барқарор карда шуд.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, дар як идора кор кардани зану шавҳар ва дигар хешовандони наздик мамнӯъ аст. Бовар меравад, ки чунин хешутаборбозӣ ба коррупсия роҳ мекушояд. Вале бо ин вуҷуд ҳолатҳои дар як идора ва ҳатто дар тобеияти якдигар кор кардани хешовандони наздик дар Тоҷикистон зиёд ба назар мерасад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button