Дин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

ҚАНДАҲОР – “ПОЙТАХТИ ҶАНУБИИ АФҒОНИСТОН” НИЗ БА ДАСТИ ТОЛИБОН АФТОД

Бино ба хабарҳои расида, ҷангиёни ҳаракати Толибон Қандаҳор, баъди Кобул дуюмин шаҳри бузурги Афғонистон ва “пойтахти ҷанубӣ”-и ин кишварро тасарруф карданд. Ҷангҳо барои ишғоли Қандаҳор чанд ҳафта боз идома дошт. Ишғоли Қандаҳор барои Толибон аз лиҳози равонӣ аҳамияти вижа дорад, чунки Қандаҳор як пойгоҳи қавии ин ҳаракат ва зодгоҳи аксари роҳбарони он ба шумор меравад. Ҳамчунин тасарруфи Қандаҳор назорати тӯли марзи Афғонистон бо Покистонро пурра ба дасти Толибон медиҳад.

Танҳо дар ду рӯзи охир ҷангиёни Толибон се шаҳри бузурги Афғонистон: Ғазнӣ, Ҳирот ва Қандаҳорро ба даст оварданд. Дар як ҳафтаи охир Қандаҳор инак  маркази маъмурии 12-умин вилоят аз 34 вилояти Афғонистон аст, ки ба дасти Толибон мегузарад.

Рӯзи 12 август ҷангиёни Толибон шаҳри таърихии Ғазнӣ, як замон пойтахти салтанати сохтаи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, ва шаҳри Ҳирот, сеюмин шаҳри бузурги Афғонистон ва бузургтарин шаҳр дар ғарби ин кишварро ба даст оварданд.

Ба ин тартиб, дар як ҳафтаи  охир шаҳрҳои марказии 12 вилояти Афғонистон: Кундуз, Бадахшон, Ҷузҷон, Самангон, Тахор, Бағлон, Сари Пул, Фароҳ, Нимрӯз, Ғазнӣ, Ҳирот ва инак, Қандаҳор ҳам ба дасти Толибон суқут карданд. Ҷангиёни Толибон тавре ба назар мерасад, акнун ҳалқаро дар атрофи Мазори Шариф, шаҳри аз ҳама бузурги шимоли Афғонистон торафт тангтар  карда, набардҳоро барои тасарруфи Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд, ва Қалъаи нав, маркази вилояти Бодғис идома медиҳанд. Бино ба хабарҳо, Толибон рӯзи 12 август қароргоҳи марказии пулисро дар Лашкаргоҳ ба даст овардааст, вале як қисмати шаҳр ҳамчунон дар дасти нирӯҳои ҳукумати кунунӣ боқӣ мемонад.

Бисёриҳо тарс доранд, ки бо чунин суръати пешрафтҳои Толибон Кобул, пойтахти Афғонистон низ метавонад ба дасти онҳо суқут кунад.  Як мақоми низомии Амрико гуфт, ҷангиёни Толибон шояд то 30 рӯзи оянда Кобулро ба муҳосира гирифта, дар зарфи то 90 рӯз пойтахти Афғонистонро ишғол кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button