Хабарҳои кӯтоҳ

НАҶОТИ 5 НОБОЛИҒ ДАР ЯК ЛИФТИ ХАРОБШУДА

12 августи соли 2021 соати 18:19 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар бинои №12/2 кӯчаи  Нусратулло Махсум лифт вайрон шудаву дар он 5 нафар ноболиғон руст мондаанд.

Барои расонидани ёрии фаврӣ гурӯҳи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе сафарбар шуданд. 

«Бегоҳӣ баъди сайругашт дар кӯча ин ноболиғон вориди лифт шудаанд. Лифт ба ҳаракат даромадаву дар байни ошёнаҳо аз кор мондааст. Онҳо муддати қариб як соат дар дохили лифт мондаанд. Ҳеч кумаке аз ҷойе нарасидааст. Талош кардаанд ба хадамоти садамавӣ занг зананд, аммо мутаассифона дар ҳама талошҳояшон ноком мондаанд. На хадамоти садамавиву на диспетчер ба додашон нарасиданд”,-нақл кардаанд онҳо ба имдодгарони Раёсати КҲФ.

Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расида дар муддати 15 дақиқа бо истифода аз таҷҳизоти махсуси гидравликии садамавиву наҷот дари лифтро боз кардаанд.

Касе аз ин наврасон ба ёрии тиббӣ ниёз надошт. 

Манбаъ: КҲФ Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button