Минтақа ва ҷаҳонСиёсат

КДАМ: НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ АФҒОНИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ФИРОР НАКАРДААСТ

Як манбаъ дар роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дар суҳбат бо хабаргузории русии РИА Новости хабари ба Тоҷикистон паноҳ бурдани ноиби президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳро рад кардааст.

“Хабари ба Тоҷикистон фиор кардани Амруллоҳ Солеҳ воқеият надорад”,  гуфтааст ӯ.

Қаблан, рӯзи 13 август хабаргузории русии “Спутник Афғонистон”  бо такя ба манобеи ғайрирасмиаш хабар дод, ки Амруллоҳ Солеҳ гӯё ба Тоҷикистон фирор карда бошад.

Ин хабар дар ҳоле нашр шуд, ки ҷангиёни Толибон дар як ҳафтаи охир марказҳои дастикам 15 вилоят аз 34 вилояти Афғонистонро ба даст оварда, торафт ба Кобул, пойтахти он кишвар наздик мешаванд. Бисёриҳо  тарс доранд, ки Кобул ва ҳукумати кунунии Афғонистон низ метавонад суқут кунад ва қудрат дар он кишвар дубора ба дасти Толибон биафтад.

Амруллоҳ Солеҳ дар солҳои фаъолияти Эътилофи шимол намояндаи ниҳодҳои амниятии он ва намояндаи муътамади фармондеҳи нирӯҳои Эътилофи шимол Аҳмадшоҳи Масъуд дар Душанбе буд ва чандин сол дар пойтахти Тоҷикистон зиндагӣ кардааст. Амруллоҳ Солеҳ дар Душанбе дар инҷо масъулияти ҳамоҳанг сохтани талошҳо бо мақомоти амниятиву низомии Тоҷикистону Русия ва дигар кишварҳои пуштибони эътилофи зидди Толибон, аз ҷумла Эрону Ҳиндро ба дӯш дошт ва ҷалби кумакҳо барои Эътилофи шимол аз ҷумлаи масъулиятҳои дигари ӯ буд.

Аз он даврон Амруллоҳи Солеҳ тамосҳои зиёд вва ҳамин тавр, манфиатҳои тиҷоратии фаровонеро дар пойтахти Тоҷикистон ҳифз кардааст.

Амруллоҳи Солеҳ 48 сол дошта, мисли Аҳмадшоҳи Масъуд зодаи дараи Панҷшер аст. Ӯ 15 октябри соли 1972 ба дунё омадаааст. Дар даврони Карзай аз соли 2004 то 2010 Амруллоҳи Солеҳ роҳбарии Раёсати амнияти Афғонистонро бар уҳда дошт ва дар давраи Ашраф Ғанӣ то расиданаш ба мақоми ноиби президент дар соли 2019 вазири корҳои дохилӣ буд.

Дар интихоботи ахири президентии Афғонистон Амруллоҳи Солеҳ ғайричашмдошт аз доктор Абдуллоҳ бурида, ба тими Ашраф Ғанӣ пайваст. Баъдан маълум шуд, ки ин муомила дар ивази  тақдими курсии ноиби  президент ба Амруллоҳи Солеҳ сурат гирифтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button