ҲИРОТ НИЗ БА ДАСТИ ТОЛИБОН СУҚУТ КАРД. ҶАНГҲО БАРОИ ҚАНДАҲОР ИДОМА ДОРАНД

Бино ба хабарҳои расида, ҷангиёни ҳаракати Толибон шоми 12 август Ҳирот, сеюмин шаҳри бузурги Афғонистон ва бузургтарин шаҳр дар ғарби он кишвар дар наздикии марз бо Эронро ишғол карданд. Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, сухангӯи Толибон ибтидо видеои ҷангиеро нашр кард, ки мегуфт, онҳо дохили қароргоҳи пулиси Ҳирот даромадаанд. Аҳмадӣ баъди чанде эълон кард, ки ҷангиёни Толибон қароргоҳи волии Ҳиротро низ ба даст оварданд. Ҳирот инак маркази 11-умин вилоят аз 34 вилояти Афғонистон аст, ки ба дасти Толибон мегузарад.
Қаблан гузориш шуда буд, ки Исмоилхон, волии собиқи Ҳирот бо вуҷуди синнаш, ки ба 78 расидааст, роҳбарии муқовимат ба зидди Толибонро дар Ҳирот бар дӯш мегирад, вале зоҳиран аз дасти ӯ низ чизе ҷиддӣ дар наомад.
Давоми рӯзи 12 август Толибон чанд дафъа иддао карданд, ки Қандаҳор, дуюмин шаҳри бузурги Афғонистон ва “пойтахти ҷанубӣ”-и ин кишвари ҷангзадаро ҳам ба даст овардаанд. Вале бино ба гузоришҳо, ҷангиёни Толибон ҳарчанд бинои зиндони Қандаҳорро тасарруф ва маҳбусонро озод карданд, вале задухӯрдҳо дар дохили шаҳр ҳамчунон идома доранд. Ишғоли Қандаҳор барои Толибон аз лиҳози равонӣ аҳамияти вижа дорад, чунки Қандаҳор як пойгоҳи қавии ин ҳаракат ва зодгоҳи аксари роҳбарони он ба шумор меравад. Ҳамчунин тасарруфи Қандаҳор назорати тӯли марзи Афғонистон бо Покистонро пурра ба дасти Толибон медиҳад.
Толибон рӯзи 12 август шаҳри Ғазнӣ, маркази вилояти Ғазниро ҳам ба даст оварданд. Ин шаҳри таърихӣ, ки дар ҳамагӣ 150-километрии ҷанубуғарби Кобул, пойтахти Афғонистон ҷойгир шудааст, бидуни ягон муқовимат ба Толибон суқут кард. Мақомоти амниятии Афғонистон бар инанд, ки волии Ғазнӣ Довуд Лағмонӣ (Ҳоҷӣ Муҳаммад Довуд) зоҳиран бо Толибон муомилае карда, шаҳрро ба онҳо “фурӯхтааст”. Лағмониро ҳамроҳи муовинонаш, ки ба Кобул фирор карда буд, бо гумони хиёнат ба ҳабс гирифтаанд.
Дар 6 рӯзи охир инак шаҳрҳои марказии 11 вилояти Афғонистон: Кундуз, Бадахшон, Ҷузҷон, Самангон, Тахор, Бағлон, Сари Пул, Фароҳ, Нимрӯз, Ғазнӣ ва Ҳирот ба дасти Толибон суқут карданд. Ҷангиёни Толибон тавре ба назар мерасад, акнун ҳалқаро дар атрофи Қандаҳор, дуюмин шаҳри бузурги кишвар ва Мазори Шариф, шаҳри аз ҳама бузурги шимоли Афғонистон торафт тангтар карда, набардҳоро барои тасарруфи Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд, ва Қалъаи нав, маркази вилояти Бодғис идома медиҳанд. Бино ба хабарҳо, Толибон рӯзи 12 август қароргоҳи марказии пулисро дар Лашкаргоҳ ба даст овардааст, вале як қисмати шаҳр ҳамчунон дар дасти нирӯҳои ҳукумати кунунӣ боқӣ мемонад.
Бисёриҳо тарс доранд, ки бо чунин суръати пешрафтҳои Толибон Кобул, пойтахти Афғонистон низ метавонад ба дасти онҳо суқут кунад. Як мақоми низомии Амрико гуфт, ҷангиёни Толибон шояд то 30 рӯзи оянда Кобулро ба муҳосира гирифта, дар зарфи то 90 рӯз пойтахти Афғонистонро ишғол кунанд.

