ФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ АДАБИЁТШИНОСИ ШИНОХТА ҶУМЪАБОЙ АЗИЗҚУЛОВ

Адабиётшиноси шинохтаи тоҷик доктори илмҳои филология ва узви раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҷумъабой Азизқулов шоми 13 август дар синни 87 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора дар Фейсбук муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа хабар дод.

Аз аъзои Иттифоқи нависандагон ва касоне, ки устод Азизқуловро мешиносанд, хоҳиш карда мешавад, ки пагоҳ ба гусели наъши устод ба манзили охират ҳозир шаванд. Ҷанозаи марҳум, пагоҳ, 14 август, соати 10 аз назди хонаи эшон, воқеъ дар маҳаллаи 82-юм бардошта мешавад,  – навиштааст Ато Мирхоҷа.

Дар бораи иллати марги Ҷумъабой Азизқулов чизе гуфта нашудааст.

Ҷумъабой Азизқулов 10 июни соли 1934 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент, дар зодгоҳи устод Рӯдакӣ дида ба ҷаҳони ҳастӣ кушода, соли 1958 риштаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Ҷумъабой Азизқулов ибтидо дар  Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва сипас дар тӯли солиёни зиёд дар идораи Энсиклопедияи советии тоҷик ба ҳайси муҳаррир, мудири шуъба, котиби масъул, муовини сармуҳаррир ва сармуҳаррир кор кардааст.

Ҷумъабой Азизқулов соли 1974 «дар мавзӯи «Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.

Ӯ ҳамчунин намунаҳои осори Саъдӣ, Савдо, Айнӣ, Лоҳутӣ, Ҳамдиро таҳқиқ ва барои чоп омода карда, «Пандномаи Синдбод» (1963), «Гулзори ҳикмат» (1966), «Китоби Ҳаким Синдбод» (1979, 2012) низ дар таҳия ва таҳқиқу тавзеҳи ӯ ба чоп расидаанд. Чандин мақола дар Энсиклопедия ва ҳамин тавр, маҷмӯаи мақолаҳои «Андӯхти рӯзгор» (2014) ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Ҷумъабой Азизқулов яке аз тарҷумонҳои забардаст низ ба шумор мерафт. Қиссаву романҳои В.Шукшин «Суҳбати маҳтобшаб» (1981), А.Олимҷонов «Пайкони Маҳамбет» (1984), «Корвон меравад сӯйи Офтоб» (1966, ҳамроҳи Ҳ.Аҳрорӣ), А.Дюма «Се мушкетдор» ва «Граф Монте-Кристо», асарҳои алоҳидаи О.Гончар, И.Авиҷюс («Бехонумон»), Н.Нерсесян («Рустаму Дилоро»), Я.Гашек («Саргузашти сарбози чолок Швейк»), О.Генри, Р.Такур, А.Аббос, Т.Ҷумъагелдиев, В.Латсис ва дигарон ва ҳамчунин чандин филми ҳунариро ба тоҷикӣ гардондааст.

Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Идораи “Бомдод” даргузашти Устод Ҷумъабой Азизқуловро ба кулли пайвандонаш, бахусус ба Устод Қодири Рустам таслият мегӯяд ва барои марҳум раҳмату мағфирати илоҳӣ ва барои бозмондагон сабри ҷамил металабад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button