Хабарҳои кӯтоҳ

АВБОШӢ ДАР КӮЧАИ Н.МАХСУМ, МАРДУМФИРЕБӢ ДАР “САДБАРГ” ВА ҶАМОАТИ ХОЛМАТОВ

Як  ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 248 қисми 2 ва 249 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудаст,ба он гумонбар мешавад, ки шаби 9 август, тахминан соати 23:00, дар кӯчаи Н.Махсум бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҷавони 24-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол карда,  ӯро лату кӯб  карда, ба қафаси синааш як корд задааст.

хххххххххх

Ҷавонзани 25-солаи сокини  ноҳияи Шоҳмансур ба он гумонбар мешавад, ки моҳи июл бо роҳи фиреб ба боварии зани 35-солаи дӯкондори Маркази савдои “Садбарг” даромада, аз ӯ ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ба маблағи 197 ҳазор сомонӣ гирифта, пулашро  то ҳол надодааст.

хххххххх

Зани 36-солаи сокини шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаҳои 247 ва 284 суд шудааст,  ба он гумонбар мешавад, ки моҳи июли соли 2016 бо роҳи фиреб ҳавлии марди 30-солаи сокини Хуҷандро дар ҷамоати Д.Холматов ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ фурӯхта, 150 ҳазор сомонӣ пули хонаро аз харидор гирифтааст, вале ба соҳиби хона танҳо 30 ҳазор дода, 120 ҳзаор сомонии боқимондаро 5 сол боз надодааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 13 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошт гардидани ҷавони 24-сола бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 248 қисми 2 ва 249 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаст, рӯзи 9-уми августи соли 2021, тахминан соати 23:00, дар кӯчаи Н.Махсуми шаҳри мазкур бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҷавони 24-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол карда, дашномҳои қабеҳ гуфта, ӯро лату кӯб намудааст.
Сипас гумонбаршаванда бо корд як маротиба ба қафаси синаи ҷабрдида задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷарохати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани амалҳои мардумфиребӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 35-солаи сокини ноҳияи мазкур, ҷойи кораш Маркази савдои «Садбарг» муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2021, дар ҷойи кораш бо роҳи фиреб ба бовариаш ҷавонзани 25-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ба маблағи 197 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 36-солаи сокини шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаҳои 247 ва 284 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи июли соли 2016 бо роҳи фиреб ҳавлии истиқоматии марди 30-солаи сокини шаҳри Хуҷандро, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Д.Холматови шаҳри мазкур ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ ба фурӯш бароварда, 150 ҳазор сомонӣ гирифта, аз он 30 ҳазор сомониашро ба номбурда ҳамчун пешпардохт дода, боқимонда 120 ҳазор сомониашро то хол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button