ВидеоҶомеа

ВКД: КУШТОРИ СОКИНИ ҶАЙҲУН ВА СЕ ФАРЗАНДАШ ОШКОР ШУД, ДУ НАФАР ДАСТГИР ШУДААНД (ВИДЕО)

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12 август расман хабар дод, ки куштори пурсарусадои як падар бо се фарзандаш дар ноҳяи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир)-ро ошкор кардааст

Оид ба ҷинояти одамкушии чанде қабл содиргардида нисбати падар ва фарзандони ноболиғи 14, 13 ва 8-солаи сокинони ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 37 ва 33-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи мазкур дастгир карда шуданд. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи расмии нашршуда дар сомонаи расмии ВКД.

Ҳеҷ тафсилоти дигаре дода нашудааст.

Ҷасадҳои Аҳлиддин Маҳмадов, сокини деҳаи Тарғоки ноҳияи Ҷайҳун ва се фарзанди ӯ ро субҳи 12 июн бо осори зоҳиран зарбаҳои корду дос аз манзили зисташон пайдо карданд. Ҳамсар ва як писари дигари ӯро низ бо захмҳои зиёд дар ҳолати беҳушӣ ба бемористон бурданд.

Хабари боздошти ду нафар бо гумони даст доштан дар қатли Аҳлиддин Маҳмадов ва фарзандонашро рӯзи 4 август вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода низ дар нишасти хабарии ин вазорат гуфта буд. Вале он вақт генерал Раҳимзода таъкид карда буд, ки ин ду нафар ба ин куштор феълан танҳо гумонбар мешаванд ва тафтиши парванда идома дорад.

Рӯзи 11 август Радиои Озодӣ хабар дод, ки наздикони ду нафари бо иттиҳоми куштори аҳли оилаи Маҳмадовҳо дастгиршуда бо ин радио тамос гирифта, иддао кардаанд, ки пайвандони онҳо гуноҳ надоранд ва зери шиканҷа ин кушторро ба гардан гирифтаанд.

Ҳамсояҳои Маҳмадовҳо дар Тарғок  мегуфтанд, шоҳиди ҷанг ё муносибати дағали Аҳлиддин Маҳмадов бо касе нашуда буданд ва ӯ ҳам ба ҳаде доро набуд, ки барои дороияш ӯро қатл кунанд. Ба гуфтаи сокинони маҳаллаи Меҳнатобод, Аҳлиддин Маҳмадов асосан ба деҳқонӣ машғул буда, се гектар замин дошт ва имсол дар заминҳояш гандум, картошка, пиёз, тарбузу харбуза ва офтобпараст корида буд. Қатли ӯву фарзандонаш баъди ҷамъоварии ҳосили гандумаш рух дода, тарбузу харбузаи коридааш ҳанӯз напухта буд.

То ҳол далели бо чунин бераҳмии хос куштани ин марди кишоварз ва фарзандони кӯчакаш рӯшан нест. Куштори бераҳмонаи онҳо сарусадоҳои зиёдеро дар ҷомиа ба вуҷуд овард ва бисёриҳо аз мақомот талаб доранд, ки ин қазияро мӯшикофона таҳқиқ кунанд ва  гунаҳкорони ин куштори ваҳшиёнаро пайдо карда, ҷазои сангинтарин бидиҳанд.

Ноҳияи Ҷайҳун дар ҷануби Тоҷикистон дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҷойгир аст. Дар Ҷайҳун 126 ҳазор нафар ба сар мебаранд. Аксар сокинони Ҷайҳун ба деҳқонӣ машғул мебошанд. Ин ноҳия қаблан Қумсангир ном дошт ва соли 2016 ба Ҷайҳун табдили ном кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button