Ҳодиса

ВИДЕО: ЯК ДУХТАРИ ҶӮГӢ АЗ ТОҶИКИСТОН ДАР ОСЕТИЯ ПАДАРИ ХУДАШРО ТУҲМАТ КАРДААСТ

ВКД ҷумҳурии Осетияи шимолӣ –Аланияи Русия хабар дод, ки хабари аз ҷониби падараш латтукӯб шудани як духтарчаи хурдсол аз оилаҳот ҷӯгиҳои тоҷикистонӣ тасдиқ нашуд. Ин духтар дар видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, сару рӯи пур аз варамашро ба одамон нишон дода, мегуфт, ки ӯро падараш ба ин ҳол расондааст.

Вале ВКД гуфт, тафтиш нишон дод, ки дар асл ин духтарчаро хоҳараш задааст, вале вай бо мақсади он ки мардумро ба раҳм биоранд ва барояш пули зиёдтар садақа диҳанд, падарашро гунаҳкор кардааст. Он ҳам дар ҳоле ки падараш чанд моҳ боз дар Тоҷикистон будааст.

Садҳо нафар аз ҷӯгиҳо аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳар сол барои талбандагӣ ба ҷумҳуриҳои Қафқози шимолӣ мераванд. Сокинони маҳаллӣ бисёр вақт онҳоро тоҷик ё ӯзбек гумон мекунанд ва дар зеҳни бисёриашон чунин тасаввур ҳосил шудааст, ки  тоҷикону ӯзбекон зиндагии худро бо талбандагӣ пеш мебаранд.

Маркази матбуоти ВКД Осетияи шимолӣ дар саҳифааш дар Инстаграм видеои лаҳзаи аз ҷониби кормандони пулис бозҷӯӣ шудани духтари латтукӯбшударо нашр кард.

Дар видео корманди пулис аз духтар мепурсад, ки ин варамҳо дар рӯяш аз куҷост? Духтар мегӯяд, ки ӯро хоҳараш, соли таваллудаш 2012, зада буд, вале вай ба хотири онки мардум ба раҳм биоянду барояшон пули зиёдтар садақа кунанд, гуфт, ки падараш ӯро задааст. Хоҳари духтар низ тасдиқ мекунад, ки вай модарашонро гапҳои пасту баланд зад ва барои ҳамин ”шатта хӯрд.”

Пулис ҳамчунин муайян кардааст, ки падари духтар, ки ба латтукӯби фарзанди хурдсолаш гунаҳкор мешуд, чанд моҳ боз дар ватанаш, Тоҷикистон қарор дорад ва ҷисман наметавонист ба ин кӯдак озор бирасонад.

ВКД Осетияи шимолӣ мегӯяд, кормандонаш барои ҷилавгирӣ аз талбандагӣ дар байни ҷӯгиҳо ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашондани онҳое, ки кӯдакони ноболиғро ба чунин амалиҳои зиддиҷамъиятӣ ҷалб мекунанд, тадбирҳо меандешад, вале то ҳол оилаҳои ҷӯгиҳо аз Осиёи Марказӣ ҳамчунон кӯдакони худро ба талбандагӣ водор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button