ВидеоИқтисод

СОҲИБИ ФЕРМАИ ХУКРО БАРОИ ИФЛОС КАРДАНИ ОБИ ДАРЁ БА ЯКУНИМ СОЛИ КОРҲОИ ИСЛОҲӢ МАҲКУМ КАРДАНД (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов Насим Дӯстматов, соҳиби фермаи хукпарварии Деҳмоёро бо ҷурми ифлос кардани оби Сирдарё ба якуним сол корҳои ислоҳӣ маҳкум кардааст. Ин ҳукм маънои ҳабси Насим Дӯстматовро надорад, вале ӯ баъд аз даҳ рӯз аз тарафи Идораи зиндонҳо ба корҳои ислоҳӣ ҷалб хоҳад шуд. Номи Насим Дӯстматов моҳи июли имсол вақте расонаӣ шуд, ки додситони вилояти Суғд, Фурқат Хоҷазода ӯро ба партофтани ахлоту пешоби 300 сар хук ба дарёи Сир муттаҳам кард. Бисёриҳо ҳамин тавр, аз Дӯстматов барои парвариши хук интиқод карданд, чунки истеъмоли гӯшти хук дар Ислом ҳаром дониста мешавад. Вале Дӯстматов гуфтааст, мардум нигарон набошанд, чунки харидори асосии маҳсулоти фермаи ӯ хитоиҳое мебошанд, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Соҳиби фермаи хукпарвариро ҷазо доданд. Ӯ бо ҳукм розӣ аст, вале мегӯяд, кораш аз ночорист. ВИДЕО

Молики фермаи хукпарвариро дар Деҳмой, канори шаҳри Хуҷанд, ба “ифлос ё олуда кардани об” гунаҳкор дониста, ба якуним сол кори ислоҳӣ маҷбур кардаанд.

Ҳукми додгоҳи сайёри ноҳияи Ҷаббор Расулов рӯзи 11-уми август эълон шуд. Бино бар он, Насим Дӯстматов вазифадор шудааст, бист дарсад аз маоши худро низ ба ҳисоби давлат гузаронад. Дӯстматов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо қарори додгоҳ розӣ аст, аммо айни замон афзуд, ки кораш аз ночорист.

Ҷузъиёти ҳукм

Дар ҳоле ки Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов тафсилоти ҳукмро дастраси расонаҳо накард, як корманди масъули Додгоҳи Суғд 12-уми август гуфт, “Насим Дӯстматов бар асоси қисми яки моддаи 226-и Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор дониста шуд. Нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати 1 солу 6 моҳ таъин гардид.”

Ба қавли манбаъ, ин ҳукм маънои ҳабси Насим Дӯстматовро надорад, вале ӯ баъд аз даҳ рӯз аз тарафи Идораи зиндонҳо ба корҳои ислоҳӣ ҷалб хоҳад шуд. “Инро Идораи зиндонҳо маълум мекунад, ки ӯ чанд соат ва чӣ кор бояд кунад. То поёни муҳлати ҷазо ҳаққи берун рафтан аз кишварро надорад”, — шарҳ дод ҳамсуҳбати мо дар Додгоҳи вилояти Суғд.

Насим Дӯстматов дар ин маврид бсиёр гап задан нахост. Вай дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ рӯзи 12-уми август гуфт, “бо ҳукми додгоҳ розӣ ҳастам. Агар розӣ набошам, ҳеч чиз иваз намешавад. Кор аз кор гузаштааст”.

Баҳси сесад сар хук

Номи Насим Дӯстматов моҳи июли имсол расонаӣ шуд. Додситони вилояти Суғд, Фурқат Хоҷазода, ӯро ба партофтани ахлоту пешоби сесад сар хук ба дарёи Сир муттаҳам кард ва онро ба саломатии сокинон зиёновар хонд.

Ферма ё ҷойи парвариши хукҳо дар деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар наздикии дарёи Сир (Сайҳун), ҷойгир аст. Дар як тарафи он заминҳои кишт аст ва дар паҳлӯи дигараш мардум зиндагӣ доранд.

Пештар баъзе аз сокинон гуфтанд, моҳҳо боз аз бӯйи ғализ дар инҷо азият мекашанд. Насим Дӯстматов мегӯяд, аз шикояти ҳамсояҳо хабар дорад ва ба зудӣ фермаро ба ҷойи дигар кӯчонда, шароити нигаҳдории онҳоро беҳтар хоҳад кард. Айни гап дар додгоҳ низ таъкид шудааст.

Навор аз маҳалли парвариши хукҳо:

“Насиҳат”-и корбарон ва посухи Дӯстматов

Дар Тоҷикистон, ки аксар сокинонаш мусалмон ҳастанд, аз хӯрдани гӯшту равғани хук парҳез мекунанд, ҳарчанд шумораи ками афрод онро барои табобат аз беморӣ истифода мебаранд. Даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ Насим Дӯстматовро барои парвариши хук танқиду насиҳат кардаанд.

Худи ӯ мегӯяд, аз ин баҳсҳо огоҳ аст, аммо аз ночорӣ ва барои аз банди қарз халос кардани худу пайвандонаш ба ин кор рӯй овардааст. Мардум нигарон набошанд, харидорони асосии ин навъи чорво чиниҳо ҳастанд, — гуфт ӯ.

Ҳазорҳо шаҳрванди Чин дар корхонаҳои саноатӣ ва сохтмони иншооти муҳим дар Тоҷикистон кор мекунанд.

Ба иттилои расмӣ дар ҳудуди вилояти Суғд то панҷ фермаи хукпарварӣ фаъол аст. Абдуаҳад Ҳакимзода, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, моҳи июли имсол гуфт, дар атрофи шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ чунин фермаи хукпарварӣ вуҷуд дорад. Ҳоло назоратро сахттар кардем.”

Бо ин ҳол, шумораи умумии хукҳо дар парваришгоҳҳои Тоҷикистон маълум нест.

Мақомот ҳар чанд вақт аз ҳамлаи хукони ваҳшӣ ба мазореъ ё заминҳои кишт хабар медиҳанд. Шикори як хуки ваҳшӣ дар Тоҷикистон сад сомонӣ, баробар ба тақрибан даҳ доллари амрикоӣ муқаррар шудааст. Бар асоси қарори ҳукумат, ба ҷуз аз фасли баҳор, дар мавсимҳои дигар шикори хук иҷоза аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button