ТаърихЧеҳраҳо

ГЕНЕРАЛ ИМОМЁРБЕКОВ ДАР СИННИ 66 АЗ ДУНЁ РАФТ

Генерал-майор Атобек Имомёрбеков, номзади илмҳои таърих, устоди Академияи идоракунии давлатии вобаста ба Президенти Тоҷикистон, собиқ муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон шоми 12 август дар синни 66 аз олам чашм пӯшид.

Дар бораи иллати марги генерал маълумоте дастрас нашудааст.

Атобек Имомёрбеков  21 декабри соли 1954 ба дунё омадааст. Имомёрбеков  дар мавзӯи “Таърихи ташаккул ва рушди мақомоти милитсия дар Помир (солҳои 1917-1945) рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, ҳамагӣ як моҳ пеш аз маргаш, рӯзи 3 июли соли ҷорӣ дар ҷаласаи кафедраи фалсафа ва илмҳои гуманитарии Академияи идоракунии давлатӣ бо иштироки олимони таърихшинос рисолаи докториашро дар мавзӯи “Таърихи таъсис ва ташаккули мақомоти милитсияи ВМКБ Тоҷикистон (солҳои 1917-2017)”  ба маърази муҳокима гузошта буд. Аммо мутаассифона, умр ба Атобек Имомёрбеков фурсат надод, ки ҳимояи рисолаи докториашро то охир баранд ва соҳиби унвони доктори илм шавад.

Muzaffar Imomdod 

Ещё одно несчастье…

Сегодня от нас ушёл один из бывший заместитель внутренних дел ТАДЖИКИСТАНА генерал-майор милиции Атобек Имомербеков.

Мои самые искренние соболезнования родным и близким.

Ту ҷоик ҷаннатанд вид башанд маки…

Мувирод Мувиродов

МАКҶОН ТУ ҶОЙИК ҶАННАТАНД ВИД……….

Шоми имрӯз риштаи ҳаёти собиқ муовини Вазири корҳои дохилӣ, номзади илмҳои таърих, генерал-майори милитсия Атобек Имомёрбеков канда шуд. Ҷояшон биҳишти ҷовидон бод!

Сино Хусейнов 

Аллоҳ таъоло ҷойи дӯст ва бародарамон, олим, генерал-майори милитсия Атобек Имомёрбеков – ро ҷаннат гардонад. Бисёр инсони нек буданд. Мутаассифона, шоми 12.08.2021 риштаи умрашон ба охир расид. Алвидоъ

Gulshan Imomyorbekova 

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ДОКТОРИИ ИМОМЁРБЕКОВ АТОБЕК

Дар ҷаласаи кафедраи фалсафа ва илмҳои гуманитарии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимони таърихшинос муҳокимаи рисолаи доктории номзади илмҳои таърих Имомёрбеков Атобек доир гашт.

Устоди Академия, Имомёрбеков Атобек дар мавзӯи “Таърихи таъсис ва ташаккули мақомоти милитсияи ВМКБ Тоҷикистон (солҳои 1917-2017)” рисолаи докторӣ анҷом дода, дар ин ҷода таҳқиқоти арзишмандеро ба сомон расонид.

Зимни баррасии мавзӯъ Имомёрбеков Атобек иброз дошт, ки таърихи милитсияи тоҷик як ҷузъи ҷудонашавандаи таърихи халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Баҳри боз ҳам пурқувват намудани таърихи навтарини тоҷикон мо бояд ҳамаи самтҳои фаъолияти сохторҳои таркибии давлати тоҷиконро бояд мавриди омӯзишу таҳқиқотҳои илмӣ қарор диҳем:

– Бо ҳамин хотир банда баъди ҳимояи рисолаи илмӣ ва сазовори унвони илмии номзади илмҳои таърих соли 2015 бо тавсияи Шӯрои илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба мавзӯи мазкур таҳқиқотҳои илмиро идома дода, хушбахтона аллакай дар зинаи аввали муҳокимаи рисолаи илми ман қарор дода шуд,”- афзуд ӯ.

Дар доираи таҳқиқоти илмии н.и.т. Имомёрбеков А. бори аввал фаъолияти милитсияи тоҷики ВМБК ҶТ аз рӯзи аввали таъсисёбӣ ва ташаккулёбии минбаъдаи милитсияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, фаъолияти пурсамари он дар давраҳои мухталифи таърих тоҷикон то ба давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва амсоли ин мавриди баррасӣ қарор дода шудаааст.

Бояд тазаккур дод, ки мавсуф кори илмиро таҳти роҳбарии сарходими шуъбаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Рақиб Абдулҳаев ба анҷом расонида, пас аз ҳимояи рисола аз рӯи ихтисоси 070002 – “Таърихи ватан” соҳиби унвони доктори илмҳои таърих хоҳад гашт.

Ба устоди гиромӣ тавфиқ хоҳонем!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button