Фарҳанг

ДАРГУЗАШТИ РАИСИ ЖУРНАЛИСТОНИ МАСТЧОҲ АБДУҚОДИРИ АБДУЛЛОХОН

Нашрияи “Нигоҳи халқ” рӯзи 12 август аз даргузашти раиси бахши Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ, муассис ва сардабири ҳафтаномаи “Суханвар”, шоир ва публисист Абдуқодири Абдуллохонро хабар дод.

Нашрия Абдуқодири Абдуллохонро “шахсияти нотакрор”  ва марги ӯро “талафоти калон барои ноҳия ва журналистикаи тоҷик” номида, барои марҳум ободии хонаи охират ва  ба наздикону шогирдон ва ҳамкоронаш сабри ҷамил хостааст.

Дар бораи иллати марги раҳбари журналистони Мастчоҳ чизе гуфта нашудааст.

Абдуқодири Абдуллохон тоза моҳи ноябри соли 2020 нахустшумораи “Суханвар” – нашрияи аҳли маориф ва эҷодкорони Мастчоҳро пешкаши хонандагон карда буд. Муассисони “Суханвар” ташкилоти ҷамъиятии “Аржанг” ва ҳайати эҷодии нашрия ва сарпарасти чопаш шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ буда, сардабириашро худи Абдуқодири Абдуллохон ва муҳарририашрополковники мустаъфӣ, номзади илм Ҳасанҷон Ҳасанов бар уҳда доштанд.

Ба ҳайати эҷодии “Суханвар” чеҳраҳои дар Мастчоҳ шинохтае, чун Абдулло Фозил, Абдумалик Зуҳурӣ, Кӯчак Қурбонов, Мирзоолим Донишвар, Эралӣ Ҷиянбоев ва Нуралӣ Бобоев ҷалб шуда буд.

Нашрия ин суханони Паёмбари Ислом: “Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯ”-ро шиори худ қарор дода, нахустшумораашро бо ин байти Салими Теҳронӣ шурӯъ карда буд:

Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,

Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button