Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

70 ҲОЛАТИ НАВИ СИРОЯТИ КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 11 август хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 70 ҳолати нави сирояти сокинон ба коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, дар айни замон 76 бемор аз коронавирус шифо ёфтаанд. Бино ба омори расмӣ, дар шабонарӯзи охир дар кишвар ягон ҳолати фавт аз пандемия сабт нашудааст ва то шоми 11 август дар Тоҷикистон 311 нафар дар шароити хона ё бемористон аз коронавирус табобат мегиранд. Моҳи июл шумори беморони коронавирус аз 400 нафар бештар шуда буд.

Вазорат мегӯяд, дар маҷмӯъ, аз аввали пандемия то шоми 11 август дар кишвар 15 862 ҳолати сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор то санаи зикргардида 15 428 нафар (97,3%) шифо ёфтаанд ва 123 нафар, мутаассифона, фавтидаанд.

Вале мунтақидон ва коршиносон ба омори расмии вазорати тандурустии Тоҷикистон бо назари шубҳа нигоҳ мекунанд. Аз ҷумла аз аввали моҳи август ин вазорат танҳо ду ҳолати марги сокинон аз коронавирусро расман тасдиқ кардааст. Вале ин дар ҳолест ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз аввали моҳ дар бораи марги дастикам 15 нафар аз пандемия хабарҳо нашр шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button