Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ВАЗОРАТ МАРГИ БОЗ ЯК НАФАРРО АЗ КОРОНАВИРУС ТАСДИҚ КАРД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 10 август хабар дод, ки давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 72 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, дар айни замон 83 нафар пас аз муолиҷа аз ин беморӣ шифо ёфтаанд, вале дар як шабонарӯзи охир, мутаассифона, боз як нафари дигар аз коронавирус ҷон бохтааст.  Исми нафари фавтида нашр нашудааст.

Аз аввали моҳи август вазорати тандурустӣ фавти танҳо ду нафар ва аз аввали пандемия фавти 123 нафарро аз коронавирус расман тасдиқ кардааст. Вале мунтақидон мегӯянд, шумори воқеии қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон хеле бештар аз омори расмии ин вазорат аст. Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз аввали моҳи август дар бораи ҳалокати дастикам 15 нафар аз ин беморӣ хабарҳо нашр шудаанд.

Бар асоси омори расмии вазорати тандурустӣ, аз аввали пандемия то шоми 10 август  дар Тоҷикистон 15 792 мавриди сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор то санаи зикргардида 15 352 нафар (97,2%) шифо ёфтаанд, вале 123 нафар аз коронавирус ҷон додаанд. Аз ин омор бармеояд, ки ҳоло дар Тоҷикистон дар беморхона ваё дар хона дар умум 314 нафар аз коронавирус табобат мегиранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button