ВидеоФарҳанг

ШАБНАМИ СУРАЙЁ ВА СИТОРАҲОИ ДИГАР ДАР ТӮЙИ МИХАИЛ – ШОГИРДИ БОБОИ ФАЙЗ (ВИДЕО)

Шоми 9 август дар шаҳри Бохтар тӯйи домодии Михаил Ломоносов, овозхони ҷавон ва шогирди Бобои Файз баргузор шуд.

Ютуб-канали САРНАВИШТ TV  бо нашри як видео хабар дод, ки дар тӯйи Михаил  як силсила аз ситораҳои шоу-бизнеси тоҷик, аз ҷумла Шабнами Сурайё, Сангалӣ Мирзоев, Хайриддини Шариф, Файзигул Юсупова, Наимҷони Сайдалӣ, Саймӯмини Бозор, Шаҳнозаи Рустам, Олими Ҷумъахон иштирок ва ҳунарнамоӣ кардаанд. Аз ровиёни шинохта дар ин тӯй Орзу Исо, Раҷ Аҳмад, Ҳасани Чилла, Абдулло Тоҳирӣ иштирок доштаанд.

САРНАВИШТ TV мегӯяд, ин издивоҷи дуюми Михаил Ломоносов мебошад. Ин овозхон қаблан дар синни 18 ба духтари холааш хонадор шуда буд, вале ба сабаби фарзанд наёфтан онҳо аз якдигар ҷудо шуданд.

Михаил Ломоносов зодаи шаҳри Кӯлоб буда, ҳоло дар Бохтар зиндагӣ мекунад.

Михаил Ломоносов маълумоти вижаи мусиқӣ надорад, Донишгоҳи давлатии Бохтарро бо ихтисоси барномасоз, хатм кардааст. Ӯ роҳашро ба саҳнаи эстрада бо чанд дуэт ҳамроҳи овозхони таронаҳои ҳаҷвӣ Бобои Файз шурӯъ карда буд, ки машҳуртаринаш, албатта, таронаи “Очата бгӯ” мебошад.

Михаил дар клипи ин тарона нақши писари Бобои Файзро чунон бо маҳорат иҷро карда буд, ки бисёриҳо фикр мекарданд, ки ӯ дар ҳақиқат писари Бобои Файз аст.

Михаил Ломоносов писари Бобои Файз нест, вале бо вуҷуди чунин ном доштанаш рус ҳам нест, тоҷик аст. Ӯ дар як мусоҳибааш гуфта буд, ки падару модараш ӯро чунин номи русӣ гузоштаанд.  “Вақте ман ба дунё омадам, аз сабаби зиёд ба русҳо шабоҳат доштанам, номамро Михаил гузоштанд, аммо дар ҳуҷҷатҳоям ман Нусратуллои Иноятулло ҳастам. Михаил Ломоносов барои он мегӯяндам, ки дар шаҳраки Ломоносови шаҳри Кӯлоб ба воя расидаам”, – нақл карда буд Михаил таърихи номи ғайриоддиашро.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button