МуҳоҷиронҲуқуқи инсон

РУСИЯ 8 КАС, АЗ ҶУМЛА ҚОТИЛИ МИЛИСАҲОИ ХОРУҒРО БАЪДИ 25 СОЛИ ФИРОРАШ БА ТОҶИКИСТОН СУПУРД

Додситонии кулли Русия рӯзи 11 август хабар дод, ки 8 нафареро, ки таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштанд, ба Тоҷикистон истирдод кардаанд. “Айбдоршавандаҳо таҳти конвойи махсус бо риояи чораҳои зарурии амниятӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супурда шуданд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Дар байни онҳое, ки истирдод шуданд, якеаҳ Насратшо Ҷонмирзоев аст, ки 25 сол боз бо иттиҳоми даст доштан дар тирборони мошини милиса дар шаҳри Хоруғ таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт. Бар асари он ҳамла дар моҳи июли соли 1996 сардори шуъбаи ҷустуҷӯи ҷиноятии шуъбаи милитсияи шаҳри Хоруғ, як корманди милиса, эксперти судию тиббӣ ва як сокин кушта шуданд.

Русия ҳамчунин ду нафари гумонбар ба қочоқи маводи мухаддир Икромҷон Боронов ва Фирӯз Сафаров, Мирзоалӣ Давлатовро, ки ба ғоратгарӣ айбдор мешавад, Даврон Бердиев ва Эмомалӣ Салимовро барои гурехтанашон аз қисмҳои низомӣ ба Душанбе супурдааст. Ҳамроҳи онҳо ҳамчунин Акмал Юнусов, ки ба қаллобӣ ба маблағи бузург айблор мешавад ва Идрис Назаров, муттаҳам ба латтукӯби як ноболиғ низ ба Тоҷикистон фиристода шуданд.

Додситонии кулли Русия гуфт, қарори истирдоди ин 8 нафар пештар қабул шуда буд, вале ба иллати вазъи пандемияи коронавирус ба Тоҷикистон фиристодани онҳо каме ба таъхир уфтод.

Аз ҳама парвандаи пурсарусадо дар байни ин 8 нафар, албатта, парвандаи Насратшо Ҷонмирзоев аст, ки ба ҳамлаи мусаллаҳона ба мошини милиса дар моҳи июли соли 1996 дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон айбдор мешавад ва 25 сол дар ҳоли фирор қарор дошт. Дар натиҷаи он ҳамла, бино ба иттилои додситонии кулли Русия, сардори шуъбаи ҷустуҷӯи ҷиноятӣ ва як корманди милисаи шаҳри Хоруғ, як эксперти судию тиббӣ ва як сокини маҳаллӣ кушта шуданд. Дар бораи ангезаи он ҳамла тафсилоте дода нашудааст.

Ҳамин тавр Икромҷон Боронов ба он айбдор мешавад, ки моҳи сентябри соли 2009 ҳамроҳи шариконаш мехост ба Русия маводи мухаддирро қочоқ кунад. Онҳо барои ин як занро пайдо карданд, ки розӣ шуд, то маводи мухаддирро дар даруни либоси кӯдакаш пинҳон карда, ба Русия барад. Шарики дигари Боронов 416 грамм героин, чиптаи ҳавопаймо ва як курткаи кӯдакона харид ва онҳо героинро дар дохили ин куртка пинҳон карданд. Боронов ин ҳамаро бо телефон роҳбарӣ мекард ва мебоист зани қочоқбарро дар Русия пешвоз бигирад. Вале занро  ҳангоми гузаштан аз гумрук дар фурудгоҳи Хуҷанд дастгир карданд.

Фирӯз Сафаров бошад ба он айбдор мешавад, ки бо шариконаш моҳи сентябри соли 2012  дар Душанбе қариб 2 кило (1990 грамм) маводи мухаддир харидааст, вале ҳангоми фурӯши ин мавод шарикашро дастгир кардаанд.

Мирзоалӣ Давлатов ба он айбдор мешавад, ки моҳи ноябри соли 2019 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо шариконаш ба як хона шамла карда, аз онҷо ба маблағи 78 700 сомонӣ пулу моли соҳиби хонаро ба ғорат бурдаанд.

Даврон Бердиев ба он айбдор мешавад, ки моҳи феврали соли 2020, вақте ҳамчун старшинаи ротаи муҳофизат ва таъминоти қисми низомии № 0201 Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон хидмат мекард, худсарона аз қисми низомӣ фирор карда, беш аз як моҳ дар маҳалли хидмати ҳарбиаш ҳузур надоштааст.

Эмомалӣ Салимов ба он айбдор мешавад, ки ҳангоми хидмати ҳарбӣ дар қисми № 5453 Қӯшунҳои  дохилии ВКД Тоҷикистон рухсатии кӯтоҳмуддат гирифта, баъди рухсатӣ фирор кардааст.

Ҳамроҳи онҳо ҳамчунин Акмал Юнусовро, ки ба қаллобӣ ба маблағи бузург айбдор мешавад, ва Идрис Назарови муттаҳам ба латтукӯби як ноболиғ аз ҳиссиёти авбошӣ ба Тоҷикистон фиристода шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. По поводу задержания и экстрадиции Джонмирзоева Насратшо могу сразу заявить что он вообще не был причастен к этому преступлению. Многие участники, испольнители и организаторы этой трагедии уже умерли и стоят в тюрьмах или же находятся в бегах. Но именно Джонмирзоева там даже близко не было и он там вообще не причем. Видимо его кто то перепутал с его младшим братом который был погиб в 20 лет назад, но это уже совсем другая история. Может правосудия разберётся и освободят его, все-таки. Ведь это ж абсурд, когда на чувака вещают такое преступление.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button