Номаҳо ба президентТаърихЧеҳраҳо

ЧОРНАФАРОН: ҚИССАҲОИ ДАВРАИ АСКАРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ ЗАБОНИ ҲАМХИДМАТАШ ПИРУМШОҲ

– Мо дар хизмат ба ҳам дӯст, рафиқ ва бародар шудем.  Мо ҷавонони 18-19 сола аз рӯи ихтисосҳои аз худ кардаамон дар киштӣ адои вазифа менамудем, – ба хотир меорад ПирумшоҳДар байнамон хислати ташкилотчӣ доштани Эмомалӣ Раҳмоновро командирон дарк карда, Ӯро котиби ташкилоти комсомолии бригада интихоб намуданд, ки он аз 200 нафар ҷанговарон иборат буд. Инчунин ба Эмомалӣ Раҳмонов унвони старшинаро лоиқ донистанд.

 Лаёқати фитрӣ, фаъолияти корбариаш буд, ки дар рӯзномаи “Байрақи сурхдори флоти уқёнуси Ором” мухбир Э.Чайка чунин навишт: 

“Комсомоли фаъол, старшина Э.Раҳмонов ҷашни  нимасраи Камоли Лениниро (ВЛКСМ) ба таври фахрӣ пешвоз гирифт. Ӯ ба наздикӣ номзад ва аъзогии КПСС шуд. Аз рӯи 2 ихтисос мутахассиси дараҷаи якум, дорандаи нишонҳои “Аълочии флоти ҳарбии баҳрӣ ва Ҷанговарварзишгар” гардид...”

ЧОРНАФАРОН

Бознашр аз ҳафтаномаи “СССР”

Чанде пеш СССР роҷеъ ба ҳамхизмати Президенти ҶТ аз н. Шӯроободи Кӯлоб мақолае нашр кард. Матлаби мазкур низ хотироти ҳамхизмати дигари Ҷаноби Олист ва мо шодем, ки ҳамхизматони Сарвари Давлат сиҳҳату саломатанд, газетаи моро мехонанд ва ба мо менависанд. Мо Метавонем!

  Солҳои 50-уми асри 20 сокинони деҳаи Шолипояро муҳоҷир намуда, ба водии Вахш бурданд. Аҳли хонаводаи Хоҷаевҳо сокини деҳаи ба номи Пушкин, ноҳияи А,Ҷомӣ (собиқ ноҳияи Куйбышев) шуданд. Ӯ 3.02.1953 таваллуд шуду ба вай Пирумшоҳ ном ниҳоданд. Мактаби миёнаи №28-ро моҳи июни с.1971 хатм намуда, моҳи ноябри ҳамон сол ӯро ба хизмати ҳарбии СССР даъват карданд. Қисмати нек будааст, ки баъди тайёрии ҳарбӣ гирифтан 4 нафар ҷавонон Эмомалӣ Раҳмон, Пирумшоҳ Хоҷаев, Одина Ҳалимов, Ҳабибулло Неъматов дар кишвари Хабаровск, чун маллоҳони киштии ҳарбӣ ҷой гирифтанд ва 3 сол хизмати аскариро бо ҳам ба охир расонданд.

 – Мо дар хизмат ба ҳам дӯст, рафиқ ва бародар шудем.  Мо ҷавонони 18-19 сола аз рӯи ихтисосҳои аз худ кардаамон дар киштӣ адои вазифа менамудем, – ба хотир меорад Пирумшоҳ -Дар байнамон хислати ташкилотчӣ доштани Эмомалӣ Раҳмоновро командирон дарк карда, Ӯро котиби ташкилоти комсомолии бригада интихоб намуданд, ки он аз 200 нафар ҷанговарон иборат буд. Инчунин ба Эмомалӣ Раҳмонов унвони старшинаро лоиқ донистанд.

 Лаёқати фитрӣ, фаъолияти корбариаш буд, ки дар рӯзномаи “Байрақи сурхдори флоти уқёнуси Ором” мухбир Э.Чайка чунин навишт: 

“Комсомоли фаъол, старшина Э.Раҳмонов ҷашни  нимасраи Камоли Лениниро (ВЛКСМ) ба таври фахрӣ пешвоз гирифт. Ӯ ба наздикӣ номзад ва аъзогии КПСС шуд. Аз рӯи 2 ихтисос мутахассиси дараҷаи якум, дорандаи нишонҳои “Аълочии флоти ҳарбии баҳрӣ” ва “Ҷанговар-варзишгар” гардид. Ин баҳои баланд нисбати аскар  барои хизмати хубаш буд. 

Унвони старшинаи калон

   Дар солҳои 60-70-уми асри гузашта муносибати давлати СССР ва Хитой аз ҷиҳати сиёсӣ сард гашт. Аскарони флоти Ҳарбӣ-Баҳрии Уқёнуси Ором супориш гирифтанд, ки ба ҳолати муътадилсозии вазъияти тезутунди ҷазираи Даманск-байни сарҳади СССР ва Хитой мусоидат намоянд. Баъди ба эътидол омадани вазъият ба якчанд ҷанговарон барои хизмати садоқатмандонаашон унвон дода шуд, ки дар байни онҳо Эмомалӣ Раҳмонови ҷавон низ буд. Унвони навбатии старшинаи калон ва аълочии флоти ҳарбӣ ҳамеша дар ҷои аввал буд. Ҷисман ва маънан обутоб меёфт.

Қобилият, чусту чолокӣ, сари вақт иҷро намудани супоришҳо, фаъолияти ташкилотчигии Раҳмонов Эмомалиро ба назар гирифта, номзадиашро ба аъзогии ҳизби коммунист пешбарӣ намуданд, – ба хотир меорад Пирумшоҳ. 

 Худи ҳамон сол ба курси шашмоҳаи мактаби олии партиявӣ қабул гардид ва онро соли 1973 хатм намуд. Ин пешравие буд дар ҳаёти сиёсии ҳамхизмати мо. Давраи яксолаи  санҷиш гузашт ва ҳамаи аъзои бюрои қисми ҳарбӣ дар ҳолати тантанавӣ билети ҳизби коммунистро ба Эмомалӣ Раҳмонов супориданд. 

Мичман Гришин-котиби ташкилоти ҳизби коммунисти бригада он рӯз чунин гуфт: 

– Шумо бо садоқати бепоён хизмати МодарВатанро бо меҳру муҳаббати беандоза зиёд нишон дода тавонистед. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки бо чунин садоқатмандию мардонагӣ ба мартабаҳои олӣ мерасед. Халқ ба хизмататон баҳои ҳаққонӣ дода метавонад.

Вохӯрии ҳамхизматони чорнафара

 Солҳо гузаштанд ва ин суханҳои командир Гришин, тавъам бо дуои неки волидайну муйсафедони деҳ буд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаҳои баланд, Инструктори комитети партиявӣ, раиси колхоз, вакили Маҷлиси Шӯрои Олӣ, раиси вилояти Кӯлоб, Раиси Шӯрои Олӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ҳамхизматони чорнафара чун солҳои ҷавонӣ бо ҳам вомехӯрданд ва дӯсту рафиқи ҷонӣ бо ҳам мондаанд.

 – Нишонаҳои ватандӯстӣ, одамдӯстӣ, иззату эҳтиром, меҳнатқаринӣ, ки дар солҳои хизмати ҳарбӣ, ҷавонӣ дар тинаташ дошт, минбаъд тақвият ёфт, – мегӯяд Пирумшоҳ.

  Баъди хизмати  аскарӣ чорнафарон ба Ватан баргаштанд. Пирумшоҳ касби ронандагиро интихоб намуда, дар техникуми политехникии шаҳри Душанбе таҳсил ва касбашро тақвият дод. Соли 1980 ба Норак ба зодгоҳи волидайн кӯч баст ва аз  рӯи касб ба хизмати халқу Ватан камар баст. Дар НБО Норак механик шуда кор кард ва аз соли 2008 сардори хоҷагии нақлиёти автомобилии нерӯгоҳи Норак таъин гардид. Дар ин коргоҳ зиёда аз 100 коргар, 63 техникаи пуриқтидор дорад, ки қувваи онҳо барои муназзам нигоҳ доштани ҳолати техникии НБО-и Норак равона мегардад. Фарзандони Пирумшоҳ ба падар қанат шуданд. Муовини директори НБО-и Норак, Ҷалолидин барқчии дараҷаи панҷуми НБО-и Норак ва Мирзомиддин устои мошин мебошад. 

Ҳиммати Пирумшоҳ

  Дасти мадади Пирумшоҳ қариб ба ҳама мерасад. Солҳои қаблӣ пули деҳаи Ӯзбеклангар аз садамаи сели баҳорӣ вайрон шуда, имконияти рафтуомади сокинони деҳаҳои Чанор, Сафедоб, Ҷуруҷ, Олиҷон ба шаҳри Норак номумкин гардид. Талабагон моҳҳои дароз ба мактаб рафта наметавонистанд. Барои барқарор ва аз нав сохтани пул Пирумшоҳ камари ҳиммат баст. Дар сохтмони пул зиёда аз 30 ҳазор сомонӣ сарф кард, то мардуми 2 тарафи соҳили селроҳа бемалол рафтуо намоянд. Дар кушодашавии пул рӯзи 22 ноябри соли 2019 раиси Суди Олии ҷумҳурӣ Шермаҳмад Шоҳиён ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирок доштанд.

  – Ҳар вақте Президенти кишвар  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Норак меояд, ман  шод мешавам- мегӯяд Пирумшоҳ. Дар маҷлисҳо даъватӣ мебошам ва аз ҳоли якдигар мепурсем. Рӯзҳои якҷояамонро дар уқёнуси Ором ба хотир меоварем. Солҳои 2013 ба  Ҷаноби Олӣ расми дукасаамонро тақдим намудам ва ӯ расмро ба ҳозирин нишон дода, бо ҳисси пур аз ифтихор давраи хизматамонро ба ёд овард. Соли 2016 газетаи ҳарбии “Краснознамёнский  тихоокенский”ро, ки бо  расми Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп шуда буд, ба ӯ тақдим намудам. Макети киштии зиреҳпӯшеро, ки мо дар онҷо хизмат карда будем, дар ҳолати тантанавӣ соли 2019 ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супоридам. Ҳангоми сухан карданам дар ҳар 3 вохӯрӣ бо Президент аҳли толор рост истода, кафкӯбӣ менамуд. Кафкӯбиҳои гарму ҷӯшон нишонаи эҳтироми марди дарёдил, ғамхори хурду калон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мебошад, – мегӯяд Пирумшоҳ Хоҷаев яке аз ҳамхизматони Ҷаноби Олӣ.

З.Ҳусейнов, н.Ёвон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button