ВидеоҲодиса

НАШРИ ВИДЕО АЗ МАҲАЛЛИ САДАМАИ МАРГБОР ДАР РОҲИ ХУҶАНД – МАСТЧОҲ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон сабти видеоӣ аз маҳалли садамаи марговари сбуҳи барвақти 8 август дар километри 326-уми шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд Чанноқро нашр кард. Бино б иттилои Шаҳноза Бутаева, сухангӯи раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд, субҳи якшанбе, соати 04:05 дар инҷо бар асари бархӯрди Дэу Лабо бо мошини боркаши КАМАЗ, ки дар канори роҳ беҳаракат истода буд, як ҷавонзани 25сола, мусофири “Дэу” дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи ин мошин, сокини 21солаи ноҳияи Б.Ғафуров ҷароҳат бардошт.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  қаблан хабар дод, ки  тайи ду рӯзи истироҳати гузашта бар асари 5 садама дар роҳҳои кишвар дастикам 5 нафар, аз ҷумла ду ноболиғи пиёдагард, ҷон бохта, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.  Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Садамаи маргбор дар роҳи Хуҷанд Масчо (ВИДЕО)

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзи гузашта, 8-уми август, тахминан соати 04:05 дақиқаи субҳ дар километри 326-уми шоҳроҳи Хуҷанд-Мастчоҳ садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.

Автомашинаи тамғаи Daewoo Labo, ки ба як шаҳрванди 21-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мутааллиқ буд, ба автомашинаи тамғаи “КАМАЗ” бархӯрд. Манбаъ  мегӯяд ин мошини “КАМАЗ” ба як сокини ноҳияи Масчо тааллуқ дошт ва канори роҳ беҳаракат меистод.

 Ронандаи Daewoo Labo шояд аз он ки бо суръати баланд меомад, аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва сабабгори бархӯрди шадид бо КАМАЗ шуд.   

Дар ин садама ронандаи автомашинаи Daewoo Labo ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи Б.Ғафуров бистарӣ карда шуд. Мусофири ин мошин як бонуи ҷавони 25 – сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. 

Имдодгарони дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати вилоят ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, ҷасади шаҳрванди ҳалокшударо аз дохили мошин берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Ҳоло сабабҳои ин садама мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтааст.

Ш.Бутаева

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button