Ҷомеа

ЁРДАМЧИИ ПРОКУРОРРО ДАР ДУШАНБЕ ДОДАРИ МАЪШУҚААШ КОРД ЗАДААСТ

Акмал Аъзамзода, ёрдамчии прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва домоди роҳбари пурнуфузи яке аз ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро рӯзи 7 август бо чанд захми корд дар бемористони “Истиқлол” бистарӣ кардаанд. Як манбаъ аз ин бемористони “Истиқлол” рӯзи 8 август ба пойгоҳи  хабарии “Бомдод” гуфт, табибон вазъи Акмал Аъзамзодаро хеле вазнин арзёбӣ мекунанд.

“Ӯро алакай ҷарроҳӣ карда, ҷои захмҳояшро дӯхтанд, вале муборизаи табибон барои наҷоти ҷони Аъзамзода ҳанӯз идома дорад”, – гуфт ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Сокинони кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанбе ба “Бомдод” хабар доданд, ки Акмал Аъзамзода рӯзи 7 август дар як манзил дар бинои №2 дар кӯчаи Соҳилӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.

“Мо ҳамин хел шунидем, ки ба хонаи як ҷавонзани ҳамкораш бо номи Ф., соли таваллудаш 1995, омадааст. Онҳо равобити ошиқона доштаанд. Вале ҳангоми мулоқоти ошиқонаи навбатиашон ногаҳон Муҳаммад, додари ҷавонзан аз дар медарояд ва аз сари қаҳру ғазаб ба шикаму дигар узвҳои бадани ёрдамчии прокурор  5 ё 6 зарбаи корд задааст ва сипас аз ҷои ҳодиса фирор кардааст”, – мегӯянд сокинони кӯчаи Соҳилӣ.

Манобеи “Бомдод” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тасдиқ карданд, ки ҳоло ҷустуҷӯи Муҳаммад ҳамчун гумонбаршавандаи асосии ҳамла ба ёрдамчии прокурор  идома дорад.

Ф. низ, бино ба иттилои дарёфтӣ, дар ҳамон прокуратураи ноҳияи Сино ба ҳайси ёрдамчии прокурор кор мекардааст.  Номи пурраи ин ҷавонзан низ дар дасти идораи “Бомдод” ҳаст, вале ба сабабҳои ахлоқӣ аз нашри номи пуррааш худдорӣ мекунем.

Акмал Аъзамзода 31 сол дошта, домоди яке аз мансабдорони баландпояи кишвар мебошад. Исми ин мансабдор низ дар дасти идораи “Бомдод” ҳаст, вале аз нашраш феълан худдорӣ мекунем.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Чи кадар дуругро дуст медоред дар хакки дигар шахсон тухмат мекунед холон ки ин суханхо асос надоранд. Чунки шахсе ки нисбаташ тухматои бардуруг карда истодаед дарс асл инхел шахсият нест. Гуфтаянд ки аз тухмати ногахон Худо нигах дорад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button