Тиб ва беҳдошт/Муҳити зист

РАСОНАҲО: АЗ АВВАЛИ АВГУСТ КАМАШ 10 КАС АЗ КОРОНАВИРУС МУРД. ВАЗОРАТ: ҲАМАГӢ ЯК КАС МУРДААСТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 7 август хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 70 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар ин муддат 83 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд ва хушбахтона, дар як шабонарӯзи охир касе аз коронавирус ҷон набохтааст.

Бар асоси омори расмии вазорати тандурустӣ, то шоми 7 август дар Тоҷикистон дар шароити хона ё дар бемористон дар умум 342 нафари гирифтори коронавирус таҳти табобат қарор доранд.

Дар маҷмӯъ, аз аввали пандемия то шоми 7 август дар кишвар 15583 нафар гирифтори COVID-19 шуда, аз ин шумор то шоми шанбе 15119 нафар (97,0%) шифо ёфтаанд, вале 122 нафар, мутаассифона, аз коронавирус фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ки моҳи июл фавти 31 нафарро аз коронавирус расман тасдиқ карда буд, аз аввали моҳи август танҳо як мавриди фавт аз ин бемориро расман тасдиқ кардааст. Мунтақидон бар инанд, ки ин вазорат дигарбора сиёсати хатои пӯшондани воқеъиятҳо дар мавриди доманаи паҳншавии коронавирусро пеш гирифтааст.

Аз аввали моҳи август дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи аз коронавирус ҷон бохтани дастикам 10 нафар, аз ҷумла 4 мансабдори баландпоя хабарҳо нашр шуданд.
Ёдовар мешавем, судяи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Шамсиддин Темурзода шаби 31 июл ба 1 август дар синни 58 вафот кард. Ӯ ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз маргаш аз беморхонаи бемориҳои сироятии маҳаллаи Зарафшон, яке аз марказҳои асосии табобати беморони коронавирус ҷавоб шуда буд. Темурзодаро рӯзи 1 август дар шаҳраки Шарора дар наздикии шаҳри Ҳисор ба хок супурданд.

Рӯзи 3 август ректори Донишкадаи технологияҳо ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Акбар Ниёзӣ Меҳрдил низ  аз олам чашм пӯшид. Яке аз корбарон навишт, ки Ниёзӣ низ тӯъмаи “вируси ноаён” шуд.

Рӯзи 4 август подполковник Анис Усмонзода, сардори милитсияи ноҳияи Ҳамадонӣ дар синнии  ҳамагӣ 45 дар беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Хуҷанд аз коронавирус ҷон бохт.

Ва генерал-майор Файзулло Абдуллоев, собиқ сардори милитсияи ноҳияи Рӯдакӣ, собиқ сардори УБОП ва собиқ сардори раёсати Агентии зидди маводи мухаддир дар вилояти Суғд субҳи 6 август дар синни 68 дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе вафот кард. Як манбаи огоҳ хабар дод, ки генерал Абдуллоев чанд рӯзи охир бо коронавирус мубориза мебурд, вале ба табибон муяссар нашуд, ки ӯро аз марг наҷот диҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button