Идораи Росселхознадзори вилоятҳои Саратову Самараи Русия хабар дод, ки аз 19 май (санаи оғози қабули парвозҳои байналмилалӣ дар фурудгоҳи “Гагарин” дар Саратов) то 1 августи соли 2021 дар ин фурудгоҳ кормандони Росселхознадзор аз бағочи 856 мусофире, ки аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон меомаданд, 2,1 тонна маҳсулоти таҳти карантинро мусодира кардаанд.
Гуфта мешавад, ки маҳсулоти мусодирашуда асосан аз гелос, шафтолу, лимӯ, чукрӣ, ғӯлинги донадору бедона, писта, бодом, арахис, мавиз, донаи зардолу ва чормағз иборат будааст.
Росселхознадзор гуфт, ҳамаи маҳсулоти мусодирашударо тибқи қонунҳои Русия нобуд кардаанд.
Ҳамин тавр, бино ба иттилои идораи Росселхознадзори вилоятҳои Саратову Самара,, кормандони ин ниҳод танҳо дар моҳи июл дар фурудгоҳи “Курумоч” дар Самара аз бағочи 611 мусофире. Ки аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон вориди Русия шуданд, дар умум 1,3 тонна маҳсулоти таҳти карантинро ёфт ва мусодира кардаанд. Дар ин ҷо аз мусофирон асосан маҳсулоте ба мисли меваҷот, хушкмева, чормағз, кабудиҳо, тухмии растанӣ мусодир шудааст.
Росселхознадзор гуфт, кормандонаш ҳамаи ин маҳсулоти мусодирашударо низ нобуд кардаанд.
Идораи Росселхознадзори вилоятҳои Саратову Самара дар шарҳи худ гуфт, сабаби роҳ надодан ба воридоти ин маҳсулот қарори Росселхознадзор аз 16 апрели соли 2012 аст, ки бархе маҳсулоти воридшаванд аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Озарбойҷонро таҳти карантин қарор медиҳад.
Аз 5 марти соли 2019 ба мусофироне, ки барои мисол, аз Ӯзбекистон ба Русия меоянд, бо худ овардани танҳо то 5 кило меваҷоти тозаю хушк иҷозат дода шудааст.