Минтақа ва ҷаҳон

ҶАНГИЁНИ ТОЛИБОН ШАҲРҲОИ КУНДУЗ, ТОЛИҚОН ВА САРИПУЛРО ҲАМ ИШҒОЛ КАРДАНД

Ҷангиёни Толибон рӯзи 8 август дар фосилаи ҳамагӣ чанд соат марказҳои боз 3 вилояти Сарипул, Кундуз ва Тахор: шаҳрҳои Сарипул, Кундуз ва Толиқонро таҳти назорати худ дароварданд. Аз рӯзи ҷумъа ба ин тараф алакай марказҳои 5 вилоят таҳти тасарруфи Толибон даромаданд. Ҷангиёни ин ҳаракат рӯзи ҷумъа шаҳри Заранҷ, маркази вилояти Нимрӯз ва рӯзи шанбе, шаҳри Шибирғон, маркази вилояти Ҷузҷон, зодгоҳ ва маҳалли зисти фармондеҳи ӯзбекҳои Афғонистон маршал Абдулрашид Дӯстумро ба даст оварда буданд.

Толибон рӯзи 8 август дар як изҳорот гуфт, биноҳои пулис, ҳукумати вилоят ва ҳам зиндонро дар шаҳри аз лиҳози стратегӣ муҳими Кундуз тасарруф кардааст.  Ба дасти Толибон гузаштани  Кундузро манобеи маҳаллӣ низ тасдиқ мекунанд ва мегӯянд, задухӯрдҳои мусаллаҳонаи сангин барои ин шаҳр аз нисфирӯзии рӯзи 7 август оғоз ёфта, ба гуфтаи Амруддин Валӣ, узви Шӯрои вилоятии Кундуз танҳо пойгоҳи ҳарбӣ ва фурудгоҳ дар дасти нирӯҳои ҳукуматӣ боқӣ мондаанд.

Мақомоти тиббии Кундуз мегӯянд, дар пайи даргириҳои сангин 14 ҷасад, аз ҷумла ҷасадҳои занону кӯдакон, ва ҳамчунин 30 тан захмиёнро ба бемористонҳои ин шаҳр оварданд.

Кундуз дар солҳои 2015 ва 2016 низ ду маротиба ба дасти Толибон суқут карда буд, вале он ду бор нирӯҳои давлатӣ бо кумаки нирӯҳо ва ҳавопаймоҳои эътилоф тавонистанд баъди чанд рӯз ҷангиёнро аз ин шаҳр берун андозанд.

Толибон дар як изҳороти дигар рӯзи 8 август гуфт, ҷангиёнаш шаҳри Сарипул, маркази вилояти ҳамномро низ ба даст оварданд. Муҳаммаднур Раҳмонӣ, узви Шӯрои вилояти Сарипул ба хабаргузории  Ройтерс гуфт, ҷангиён биноҳои идораҳои давлатиро тасарруф карданд ва кормандони давлатӣ дар як пойгоҳи ҳарбии воқеъ дар канори Сарипул паноҳ бурдаанд.

Парвина Азимӣ, як фаъоли ҳуқуқи занон дар Сарипул ба хабаргузории Франс Пресс гуфт, мақомоти давлатӣ ва нирӯҳои давлатии боқимонда ҳоло дар пойгоҳи воқеъ дар секилометрии шаҳр пинҳон шудаанд. Вале Муҳаммадҳусейн Муҷоҳидзода, як узви дигари Шӯрои вилояти Сарипул ба Франс Пресс гуфт, ҷангиён ин пойгоҳро низ муҳосира кардаанд.

Шоми 8 август Толибон дар як баёнияи дигар тавассути Твиттер аз тасарруфи Толиқон, маркази вилояти Тахор хабар доданд. Тахор низ мисли Кундуз бо Тоҷикистон ҳаммарз буда, Толиқон дар солҳои 90 дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон маркази асосии Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик дар Афғонистон ба шумор мерафт ва бахши аъзами ҷангиёни оппозитсияи тоҷик ва раҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар Толиқон қарор доштанд.

Забеҳуллоҳ Ҳамидӣ, як сокини Толиқон ба Франс Пресс гуфтааст, ба чашми худ дид, ки мақомот ва нирӯҳи давлатӣ савори як корвони мошинҳо тарки шаҳр мекунанд. Як мақоми амниятии Толиқон ба Франс Пресс гуфт, “мо нисфирӯзии 8 август тарки шаҳр кардем, чунки давлат барои мо кумак нафиристод. Шаҳр ҳоло, мутаассифона, пурра дар дасти Толибон қарор дорад.”

Толибон рӯзи ҷумъа Заранҷ, маркази вилояти Нимрӯзро, ба гуфтаи ноиби волии Нимрӯз, “тақрибан бидуни ҷанг” ба даст оварданд. Рӯзи шанбе Шибирғон, маркази вилояти Ҷузҷон ҳам баъди чанд ҳафтаи ҷангҳои пароканда дар атрофи шаҳр ба дасти Толибон суқут кард.

Толибон қаблан хонаи маршал Дӯстумро дар Шибирғон оташ заданд. Дӯстум, ки моҳи июн дар пайи гӯё аз истеъмоли харбуза шикамдард шуданаш барои табобат ба Туркия рафта буд, дар ҳафтаи равон ба Афғонистон баргашт, вале бозгашти ӯ ҳам ҳанӯз натавонистааст дар рафти ҷангҳо алайҳи Толибон таъсире бигузорад.

Бисёриҳо тарс доранд, ки дар пайи хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалии таҳти роҳбарии Амрико ҷангиёни Толибон метавонанд ҳукумати кунунии Афғонистонро зуд суқут диҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button