Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ДАРГУЗАШТИ МОДАРИ СУХАНГӮИ ҲНИТ АЗ КОРОНАВИРУС

Ниҳолбӣ Маҳмадова, модари Бобоҷон Қаюмзод, сухангӯи ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ), рӯзи 8 август дар синни 70 дар манзилаш дар деҳаи Кӯли ҷамоати Даҳана дар канори шаҳри Кӯлоб аз олам чашм пӯшид.  Маросими намози ҷаноза ва дафни Ниҳолбӣ Маҳмадова субҳи 9 август, соати 8 дар деҳаи Кӯл баргузор мешавад.

Бобоҷон Қаюмзод, ки чанд сол боз дар Литва паноҳандаи сиёсист, ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, модараш аз бемории коронавирус  ҷон бохт:  “Тақрибан як ҳафта боз ба ин вируси “вабои аср” печида буд ва дар хона табобат мегирифт. Барояш дастгоҳи кислород ҳам оварда буданд ва ягон се рӯзи охир тавассути баллони кислород нафас мегирифт. Вале мутаассифона, азбаски бемории қанду фишори хун дошт,  аз чанги коронавирус наҷоташ дода натавонистанд ва нимаи дуюми рӯзи 8 август моро тарк гуфт.”

Бобоҷон Қаюмзод нақл карда, ки модараш ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз маргаш ба муносибати хатм кардани омӯзиши китоби “Қуръон” аз пули ҷамъкардаи худаш як чорвои хурд харида,  кушта, ба мардум худоӣ додааст:  “Мегуфт, ки бо ин беморӣ кӣ медонад, ки ҳастем ё нестем? Ният доштам, ки “Қуръон”ро тамом кунам, як чорворо назр медиҳам. Ҳамин корро дар зиндагиам кунам. Мисле ки медонист…”

Бобоҷон Қаюмзод афзуд, падараш Тағаймурод Қаюмов, ки 72 сол дорад, низ гирифтори коронавирус шудааст, вале нисбат ба модараш падари ӯ ин бемориро сабуктар пушти сар кард.

Тайи рӯзи 8 август ин алакай сеюмин хабари марги сокинони Тоҷикистон аз коронавирус аст, ки расонаӣ мешавад.

Вале вазорати тандурустии Тоҷикистон аз аввали моҳи август танҳо як мавриди марги шаҳрвандон ба иллати ин бемориро расман тасдиқ кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button